Рустам Қурбонович Мирзоев — ходими давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1984), профессор (1993). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1994). Муовини раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), вазири иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994- 1996).[1]

Рустам Мирзоев
Рустам Қурбонович Мирзоев
Таърихи таваллуд 28 январ 1942(1942-01-28)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 1998(1998)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҶТ, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти хоҷагии халқи ба номи Г.В.Плеханов, шаҳри Москва
Ҷоизаҳо Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992).

Зиндагинома

вироиш

Рустам Мирзоев Институти хоҷагии халқи ба номи Г.В.Плеханови Москваро хатм кардааст (1969), ихтисос – «иқтисодиёт, ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: рушд ва ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда, иқтисоди бозоргонӣ ва самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ. Сардори шуъбаи Кумитаи давлатии нархи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1972-1975). Ходими калони илмӣ (1977), и.в. мудири бахши робитаҳои байнисоҳавӣ (1977-1978), и.в. мудири бахши прогресси илмиву техникии (1978-1980) Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҶТ. Ходими калони илмӣ, мудири бахш, и.в. муовини раис, раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии Академияи илмҳои ҶТ (1980-1993). Мушовири давлатии Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ (1991), муовини раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), вазири иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурии Академияи илмҳои ҶТ (1997-1998).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Темпы, пропорции и эффективность общественного производства в Таджикской ССР. – Д., 1983;
  • Воспроизводство основных фондов в регионе. – Д., 1979;
  • Научно-технический прогресс и повышение эффективности производства. – Д., 1982;
  • Научно-технический прогресс и эффективность регионального экономического развития (На материале Таджикской ССР): Дисс…доктора экономич. наук. – Л., 1983;
  • Инвестиционная политика в народном хозяйстве Таджикистана. – Д., 1987 (соавтор);
  • На путях к прогрессу. – Д., 1990;
  • На путях к самоуправлению и самофинансированию. – Д., 1991;
  • Принципы перестройки руководство экономикой Таджикистана. – Д., 1991 (соавтор);
  • Научно-технический прогресс и перестройка народнохозяйственной структуры экономики Таджикистана. – Д., 1991 (соавтор);
  • Микроэкономические проблемы и решения. – Д., 1946 (соавтор);
  • Спирали всеобщего кризиса. – Д., 1997.[2]
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 343.