Саидамир Ҷононов - омӯзгор, олим, файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (2010), дорандаи медали тилоии Институти байналмилалии тарҷумаҳолии ИМА”, Корманди шоистаи Тоҷикистон, нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, ва “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”.[1]

Саидамир Ҷононов
Саидамир Ҷононов
Таърихи таваллуд 15 март 1948(1948-03-15) (76 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе
Ҷоизаҳо медали тилоии Институти байналмилалии тарҷумаҳолии ИМА”, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Саидамир Ҷононов дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт тавлид шудааст. Соли 1966 мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 3-и ҳамин деҳаро бо баҳои аъло хатм намуда, дар Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсилро идома дод. Соли 1970 донишкадаро бо дипломи аъло ба итмом расонид ва дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси коромӯз - муҳаққиқ ба такмили савияи дониши касбии худ пардохт. Баъди ду соли донишандӯзӣ қобилият ва кордонии ӯро ба назар гирифта, муҳаррири калони илмӣ ва баъд мудири шуъбаи фалсафа, иқтисод ва ҳуқуқи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик таъйин намуданд. Дар ин муддат рисолаи номзадиро дар риштаи фалсафа дифоъ кард. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуд. Баъдтар сардори Раёсати таълими фанҳои ҷомеашиносӣ ва корҳои тарбиявии Вазорати маориф ва илм, сардори Раёсати илм ва сохторҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ низ буд. Солҳои 2009 – 2011 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ таъйин гардид. Аз соли 2004 то 2009 ҳамчун мудири шуъбаи сиёсати Институти фалсафаи Академия илмҳои ҶТ низ фаъолият менамуд. Аз соли 2011 то июнм соли 2015 сарвари Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт буд.[2]

Фаъолияти илмӣ вироиш

С. Ҷононов муаллифи 5 китоб, 130 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ, ҳаммуаллифи 15 китоб, муҳаррири масъул ва тарҷумони 12 китобҳои илмию дарсӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар таълифоти худ масъалаҳои муносибатҳои миллӣ, ташаккули шуури худшиносии миллӣ, демократикунонии ҷомеа ва таҳкими истиқлоли давлатии ҷомеаи тоҷик дар шароити муосирро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор додааст.

Осор вироиш

  • Съезди ХХV-уми ҲКИШ ва тарбияи интернационалистии ҷавонон, Д., 1979;
  • Таджикская Советская Социалистическая Республика, Д., 1983;
  • XXVII съезд КПСС: актуальные проблемы совершенствования социализма, Д., 1987;
  • Общее и особенное в формировании и развитии социалистических национальных отношений, Д., 1987;
  • Характерные особенности получения высшего образования в условиях инновационной деятельности вуза (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007;
  • Концепция гражданского образования в Республике Таджикистан (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2008;
  • Проблемы формирования национального самосознания в условиях государственного строительства Таджикистана, Д., 2009;
  • Вопросы дальнейшего повышения интернационалистической сознательности трудящихся. // В кн: Пролетарский интернационализм: вопросы идеологии и культуры, М., 1979; К вопросу об изучении диалектики расцвета и сближения социалистических национальных общностей // В кн: Советский народ – строитель коммунизма, М., 1982;
  • Кризис культуры и науки: пути преодоления // В кн: Проблемы выживания и устойчивого развития Таджикистана, Д., 1996;
  • Становление государственности в Таджикистане // В кн: Гражданственность и участие в управлении. Учебное пособие, ч. 1, Д., 2002;
  • Исторический опыт решения проблем национальных меньшинств и его значение для государственного строительства. // В кн: Национальные меньшинства Таджикистана: проблемы и перспективы, Д., 2002;
  • Суверенитет и проблемы совершенствования политической власти в Таджикистане // В кн: Проблемы укрепления национальной независимости Республики Таджикистан, Д., 2006.

Ҷоизаҳо вироиш

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш