Саидҷалол Саидов (Саидов Саидҷалол Ҳаитович; 3 январи 1949, ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик.

Саидҷалол Саидов
Саидҷалол Саидов
Ном ҳангоми таваллуд Саидов Саидҷалол Ҳаитович
Таърихи таваллуд 3 январ 1949(1949-01-03)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор, тарҷумон

Зиндагинома

вироиш

Саидов Саидҷалол Ҳаитович 3 январи соли 1949 дар деҳаи Қоқободи ноҳияи Ховалинг, дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Соли 1950 оилаи онҳо ба деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ кӯч мебанданд. Вай мактаби миёнаро дар деҳааш ба охир расонда, соли 1963 ба факултети забон ва адабиёӣти тоҷики Институти педагогии давлатии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1967 хатм мекунад. Баъди хатми Донишкада фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби миёнаи рақами 29 ноҳияи Фархор, ба сифати ҷонишини директор оғоз намуд. Соли 1968 ба саффи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, дар шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина хизмат кард. Дар ҳамин муддат дар моҳҳои август — ноябри соли 1968 дар Воқеаҳои Чехословакия иштирок доштааст. Соли 1971—1972 ходими калони адабии газетаи «Гулистони»-и ноҳияи Фархор, аз аввали соли 1972 ба ҳайси котиби дуюми комитети комсомолии ноҳияи Фархор фаъолият кардаст. Соли 1973 ба факултети журналистикаи Мактаби олии ВЛКСМ шаҳри Маскав дохил шуда, онро соли 1975 ба охир расонд. Солҳои 1975—1076 мудири шуъбаи мактабҳои газетаи «Комсомоли Тоҷикистон», сипас котиби Комитети комсомолии вилояти Кӯлоб, солҳои 1981—1982 Мушовири КМ ВЛКСМ дар назди Созмони демократии ҷавонони Афғонистон фаъолият дошт.

Соли 1983 мудири шуъбаи агитатсия ва пропагандаи комитети ҳизбии шаҳри Кӯлоб, солҳои 1986—1987 Ваколатдори Шуро оид ба корҳои дини назди Совети Вазирони СССР дар вилояти Кӯлоб, соли 1987—1990 муҳаррири газетаи «Коммунисти Ховалинг», солҳои 1990—1991 ба вазифаи Раиси ноҳияи Ховалинг фаъолият кард. Аз соли 1992 то соли 2005 ба соҳибкорӣ машғул буд. Солҳои 2005—2009 муҳаррири калон, ёрдамчии директор, директори киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», аз соли 2099 то соли 2012 ёвари Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 дар нафақа аст.

  • Хидматгузори се хоҷа, ё вазири як дарбор. — Д.: Нашриёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2005.
  • Чакидаҳо аз андешаҳо[1]. — Д.: Матбуот, 2010. — 156 с.
  • Бофтаҳо аз тофтаҳо. — Д.: Матбуот, 2012. — 132 с.
  • Омӯзонда, омухтем. — Д.: Илм", 2019. — 215 с.
  • Учили, учась (ба забони русӣ). — Д.: Истиқлол, 202. — 162 с.
  1. Ислом Юсуфӣ. Ӯ пештар дид, ки нобинову чоҳ аст… (андешаҳо перомуни маҷмуъаи С. Саидов- "Чакидаҳо аз андешаҳо" нашриёти "Матбуот", Душанбе, 2010). Миллат (16 май 2012). 17 октябри 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 сентябри 2020.