Салоҳияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон
Салоҳияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон — Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамояд, ки салоҳият, тартиби фаъолияти кумитаю комиссияҳоро Дастури Маҷлиси намояндагон ба танзим медарорад (моддаи 50). Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон:
а) мутобиқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қарору қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қаблан баррасӣ менамоянд ва ба онҳо хулоса медиҳанд;
б) муҳокимаи парламентиро ташкил мекунанд;
в) ба лоиҳаи Қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса медиҳанд ва таклифҳо пешниҳод мекунанд;
Инчунин Дастури Маҷлиси намояндагон салоҳияти хоси ҳар як Кумита ва комиссияро муқаррар намудааст. Масалан, салоҳияти кумита оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ба таври зерин муқаррар шудааст:
1. Қонунгузорӣ оид ба тафсири Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо;
2. Қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ, озодии инсон ва шаҳрванд;
3. Қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа;
4. Қонунгузории маъмурӣ;
5. Қонунгузории гражданӣ, мурофиаи гражданӣ ва мурофиаи хоҷагӣ;
6. Қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
7. Қонунгузорӣ дар бораи низоми судӣ, мақоми судяҳо ва иттиҳодияҳон судӣ;
8. Қонунгузорӣ дар бораи мақомоти адлия, прокуратура, адвокатура ва нотариат;
9. Қонунгузорӣ дар бораи мукофотҳои давлатӣ;
10. Қонунгузорӣ дар бораи истеҳсоли (коргузории) иҷроиявӣ;
11. Қонунгузорӣ оид ба маблағгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба ваколати кумита дахл дорад ва назорати иҷрои он;
12. Масъалаҳои ҳуқуқӣ оид ба авф ва татбиқи авф;
13. Таҳлили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати кумита дохиланд;
14. Тайёр намудани пешниҳодҳо барои дохил намудан ба Барномаи намунавӣ ва нақшаи тақвимии Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати кумита дохиланд;
15. Созмон додани алоқаҳои байнипарлумонӣ бо кумита ва комиссияҳои марбутаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва парлумонҳои дигар давлатҳо;
16. Омӯхтани зарурат ва имконияти сафари аъзои кумита ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳо ва дар ин бора ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани таклиф;
17. Фаъолияти қонунгузорӣ, таҳияи хулоса, гузоришҳо ва амалӣ намудани дигар масъалаҳое, ки ба салохияти кумита дохил мешаванд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 403 - 404