Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
«Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» — муассисаии давлатии илмию пажӯҳишии тобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 1997 таъсис дода шудааст.
Таърих
вироишМувофиқи қисми 1 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инчунин ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.
Шакли ташкилӣ-ҳуқуқии Пажӯҳишгоҳ дар асоси талаботи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассиса муайян карда шудааст.
Сохтор
вироишМаъмурият, шуъбаҳо:
- таърих ва назарияи фарҳангшиносӣ
- санъатшиносӣ
- фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ
- китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ
- эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилию методӣ
- воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр
- муассисаҳои таълимӣ
Фаъолияти пажӯҳишгоҳ дар шакли таҳқиқотҳои илмӣ, корҳои методӣ, омӯзишҳои сотсиологӣ ва ташкили чорабиниҳои илмӣ ба роҳ монда мешавад. Ба иҷрои ин корҳо зиёда аз 40 нафар олимону муҳақкиқони соҳа аз ҷумла докторони илм — Низом Нурҷонов, Абдураҳим Раҳимов, Аскаралӣ Раҷабзода, Сафар Сулаймонӣ, Қурбон Хоҷаев, Мурод Муродӣ, номзадҳои илм — Қурбоналӣ Бӯризода, Шариф Комилзода, Қурбон Ғуломзода, Абӯбакр Зубайдов, Абдувалӣ Абдурашидов, Дилшод Раҳимов, Шӯҳрат Саъдиев, Ҷумъаев Меҳроб ва диг. олимон аз муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд.
Мавзӯи аслии пажӯҳишгоҳ «Самтҳои асосӣ ва дурнамои рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-иҷтимоӣ» буда, ба таҳқиқи масъалаҳои фарҳанг, санъат, ҳунарҳои мардумӣ, китобдориву китобшиносӣ, васоити ахбори омма ва табъу нашр равона гардидааст.[1]
Яке аз ташаббусҳои навини пажӯҳишгоҳ таъсиси гурӯҳи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ» мебошад. Аз ҷониби ин гурӯҳи муҳақиқон «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик» тартиб дода шуд. Нашри аввалин:Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. — Душанбе: «Адиб», 2014, 96 с. ва нашри муккамал гардонидашудаи дуюм: Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage. — Душанбе: «Аржанг» 2016, — 354 с. таълиф шудааст. Китоби охирон 515 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро дар бар мегирад ва он бо забонҳои тоҷикӣ ва инглисӣ аз чоп баромадааст.[2]
Нашрияи илмӣ
вироишНашрияи илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот «Паёмномаи фарҳанг» мебошад, ки дар асоси иҷозатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2012 фаъолият мекунад. Маҷалла ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.11.2020, № 222 ворид гардидааст. Мақолаҳои маҷалла аз рӯи тадқиқоти комплексии пажуҳишгоҳ «Фарҳанг, санъат, туризм, маориф, идоракунӣ ва иқтисоди соҳаи фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги ғайримоддӣ ва фароғат» нашр карда мешаванд.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 2016 кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 297 адад корҳои илмӣ, пажӯҳишӣ, тадқиқотӣ ва методиро ба анҷмом расониданд. Дар ин сол 21 китоб, рисолаи илмӣ, китобнома, барнома, китоби дарсӣ, тақвим ва 276 мақолаи илмӣ ба табъ расид. Кормандони шуъбаи муассисаҳои таълимӣ барои тартиб додани «Луғати тасвирии мусиқӣ» дар маҷмӯъ 1435 истилоҳоти соҳавӣ, аз ҷумла, 123 истилоҳот бо ҳарфи «Н», 59 мафҳум бо ҳарфи «О», 80 истилоҳ бо ҳарфи «П», ба 40 истилоҳ ба ҳарфҳои «А» ва «Б» ва ғайраро шарҳ додаанд. Инчунин дар заминаи омӯзиши китобҳои илмӣ, таълимӣ ва дастурӣ, ҳамчунин таҷрибаи эҷодӣ 95 истилоҳ бо ҳарфи «Р» ва 175 истилоҳот бо ҳарфи «С» ба таври маълумоти обзорӣ ташреҳ ва ҳуруфчинӣ гардид. Ҳамзамон мувофиқи нақшаи пажӯҳиши «Махсусияти истилоҳот ва фарҳанги рӯзноманигорӣ» аз ҷониби шуъбаи ахбори омма ва табъу нашр 272 истилоҳоти рӯзноманигорӣ бо теъдоди 4 ҷузъи чопӣ тавзеҳ шуд. То ин вақт коркарду баррасии истилоҳоти рӯзноманигорӣ доир ба ҳарфҳои «У, Ф ва Х» амалӣ шуда буд, иловатан 20 истилоҳот бо ҳарфи «У», 78 мафҳум бо ҳарфи «Ф» ва 44 истилоҳ бо ҳарфи «Х» шарҳ ёфтанд ва чопи компютерӣ шуданд. Тибқи супориши Вазорати фарҳанг бори нахуст аз ҷониби ходимони ПИТФИ Низомномаи ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон» таҳия гардид. Намунаи сенарияи ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони «Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод» аз ҷониби ходими пешбари илмии ПИТФИ Ҳ. Муҳаммадинов таҳияву нашр шуда ба муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ бо таври ройгон фиристода шуд. Маротибаи аввал номгӯйи осори васфии қаламкашони тоҷик дар ситоиши Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар шакли феҳрист омода гардид ва таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» ба табъ расид. Нашри дуюми мукаммали «Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ», ки 515 унсурҳои фарҳанги ғайримодии миллати тоҷикро фаро мегирад, бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба табъ расид. Бори нахуст натиҷаи экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии ходимони илмии ПИТФИ дар шакли китоби алоҳида таҳти унвони «Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» дар ҳаҷми 9,75 ҷузъи чопӣ, интишор ёфт. Ходимони илмӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаи Энсиклопедияи миллии тоҷик дар таҳия ва интишори ҷилди дувуми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» саҳми муносиб гузошта, беш аз 300 мақолаҳои илмии хешро доир ба анъанаҳои шифоҳӣ, санъати иҷрокунандагӣ, урфу одот, маросим, ҷашнҳо ба табъ расониданд.
Соли 2016 аз ҷониби олимони ПИТФИ Д. Раҳимов ва А. Аминов маводи эмпирикӣ ҷиҳати таҳияи номинатсияи «Чавгон» ҷамъоварӣ карда шуда, дар якҷоягӣ бо комиссияи корӣ матни номинатсия таҳия гардид. Ҳамзамон бо Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО-и Тоҷикистон ходимони илмии ПИТФИ, саволнома ва ҳуҷҷатҳои зарурии чавгонбозиро таҳия карда, ба забони инглисӣ тарҷума намуда, ба Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО фиристоданд. Инчунин дар ин ҳамкорӣ бо студияи «Тоҷикфилм» аз рӯйи сенарияи навиштаи Д. Раҳимов филми ҳуҷҷатӣ оид ба бозиҳои бачагона ба навор гирифта шуд.
Аз ҷониби олимон, ходимони илмии пажӯҳишгоҳ Консепсияи «Устод ва шогирд»-тайёр гардида, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии пажӯҳишгоҳ «Оинномаи намунавии Марказҳои фарҳангӣ-фароғатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Мунтазам, ҳар сол шумораҳои маҷаллаи илмии «Паёмномаи фарҳанг» (4 шумора дар як сол) нашр карда мешаванд. Тадқиқотҳои илмии кормандони илмии пажӯҳишгоҳ дар маҷмӯаи илмии «Осор» соле як маротиба ба табъ мерасад. То соли 2019 6 ҷилди «Осор»-и ПИТФИ ба табъ расида дастраси хонандагон шудааст. Инчунин, «Тақвими рӯйдод ва санаҳои муҳими фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон дар соли 2017» дар 2 ҷ. омода гардид, ки дар пешбурди кору фаъолият дастури методиест ба кормандони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ[3]