Саъдӣ Маҳдиев
Саъдӣ Маҳдиев(20.05. 1932, д. Қӯшмасҷиди Самарқанд — 15.06.2005) — адабиётшинос, доктори илмҳои филология (1985), профессор (1986).
Саъдӣ Маҳдиев | |
Таърихи таваллуд | 20 май 1932 |
Зодгоҳ | Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 15 июн 2005 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе , |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи М.И.Калинин |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ИҶШС |
Зиндагинома
вироишСаъдӣ Маҳдиев факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А.Навоиро хатм намудааст (1954). Директори мактаби миёнаи н. Фориши вилояти Самарқанд (1954-1960), ходими илмии ИЗА ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон. Солҳои 1960-1971 муаллим ва мудири кафедраи забон, 1971-1980 дотсенти кафедраи психологияи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи М.И.Калинин Душанбе буд. Перомуни таърихи насри адабиёти форс-тоҷик масъалаҳои мухталифи эҷодиёти даҳонии халқ (фолклор) беш аз дусад таълифоти илмӣ аз даст баровардааст. Дар чандин экспедитсияҳои фолклори тоҷик иштирок намуда, зиёда аз панҷ ҳазор латифаи халқиро ҷамъ оварда, дар таҳқиқи ин жанр ҳиссаи гузоштааст.
Осор
вироишСаъдӣ Маҳдиев дар экспедитсияҳои илмӣ барои ҷамъоварии эҷодиёти даҳонакии халқ (1960-1971) саҳми хешро гузошта зиёда аз 5 ҳазор латифаҳои халқиро ҷамъ овардааст.
- Ҳикоёти латиф. – Д., 1968;
- Проблемы жанра латифа (На материалах таджикского и узбекского фольклора). – Самарқанд, 1969;
- Қатра-қатра дарё шавад. – Д., 1976;
- Проблемаҳои жанри латифа. – Д., 1977;
- Истоки и развития малых жанров прозы в персидско-таджикской литературе X-XIV вв.: Дисс…доктора филол. наук. – Д., 1987;
- Из истории прозы таджикско-персидской литературы. – Д., 2001;
- Панҷ гуфтор. – Д., 2003.[1][2]
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С. 75 ISBN 978-99947-958-2-6
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 324.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |