Солеҳа Холмаҳмадзода

Холмаҳмадзода Солеҳа - муҳандис-технолог-механик, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солеҳа Холмаҳмадзода
Холмаҳмадзода Солеҳа
Таърихи таваллуд: 27 июл 1976(1976-07-27) (48 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1998), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2002)
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Холмаҳмадзода Солеҳа 27 июли соли 1976 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Миллат: тоҷик. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос- муҳандис-технолог-механик, ҳуқуқшинос. Забонҳои ўзбекӣ, англисиро медонад.

  • Солҳои 1997-2004 Раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2005-2006 Ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомўз дар ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2006-2009 Аъзои ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2009-2010 Мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон во оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2010-2011 Адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон во оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2011-2013 Сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ-таҳқиқотии технологии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2013-2015 Адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз июни соли 2015 то 2020. Муовини раиси шаҳри Турсунзода

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Холмаҳмадзода Солеҳа(тоҷ.). www.parlament.tj. 3 апрели 2020 санҷида шуд.