Тағоймурод Солеҳов

(Тағйири масир аз Солиҳов Тағоймурод)

Тағоймурод Солеҳов (Солеҳов Тағоймурод Ҳаитович; 3 январи соли 1947, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (1998), профессор (2003), узви вобастаи АИ ҶТ (2017), дорандаи «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1989), барандаи «Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Султон Умаров» (2014) ва профессор шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кохати Покистон (20052008).

Тағоймурод Солеҳов
Солеҳов Тағоймурод Ҳаитович
Акс:Тагоймурод Солехов.jpg
Таърихи таваллуд 3 январ 1947(1947-01-03) (77 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Шогирдон Умархон Мадвалиев
Ҷоизаҳо Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Султон Умаров

Зиндагинома

вироиш

Тағоймурод Солеҳов 3-юми январи соли 1947 дар водии Ҳисори шодмон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ соли 1960 ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шомил гардида, онро соли 1965 ба поён мерасонад. Баъдан, соли 1975 шуъбаи аспирантураи Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ-ро хатм менамояд. Аз соли 1975 то соли 1989 дар пажӯҳишгоҳи фавқ ба ҳайси ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ фаъолият менамояд.

Фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ

вироиш

Тадқиқотҳою корҳои илмии профессор Солеҳов Т.Ҳ. бештар ба сохтори назариявии хусусиятҳои спектри пароканиши дукаратаи рӯшноӣ дар назди нуқтаҳои буҳронии моеъҳо, майдони ҳарорати моеъҳо ва ҷисмҳои сахт таҳти таъсири нурҳои лазерӣ, қонунияти деструксияи полимерҳо дар зери нурҳои лазерӣ, оптоакустикаи лазерии моеъҳои квантӣ, классикӣ ва фотоакустикаи ғайрихаттӣ бахшида шудаанд.

Ӯ яке аз поягузори равияи ҷадиди физикаи назарӣ — оптоакустикаи моеъҳои абаршоро буда, таҳти роҳбарии бевоситаи профессор Солеҳов Т.Ҳ. 5 нафар рисолаи номзадӣ (Шарифов Ҷ.М., Тӯйчиев Ҳ.Ш., Одилов О. Ш., Хоҷаев Ю. П., Сафоӣ К. Л.) ва як нафар рисолаи докторӣ (Мадвалиев У.) ҳимоя намудаанд ва сазовори рутбаву унвонҳои илмӣ гардиданд. Ба қалами ӯ зиёда аз 300 рисола, барнома, воситаи таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ-методӣ тааллуқ доранд, ки аксари ин моқолот дар хориҷи кишвар бо забони англисӣ ба нашр расидаанд.

Солеҳов Т.Ҳ. дар баробари ба кори илмӣ-тадқиқотӣ машғул шудан, инчунин дар таълиму тарбияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва мутахассисони ояндаи соҳибунвони соҳаи физика саҳми хеле арзанда дорад. Ӯ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта бо ҳамроҳии як қатор олимони номвари тоҷик Муҳаммад Осимӣ, Саидмуҳаммад Одинаев, Хурсанд Ибодинов, Анвари Абдурасул, Асадулло Шарифов ва дигарон барои таъсиси мактаби тобистонаи физик, математик ва химикҳои ҷумҳурӣ хеле кушишҳо намудааст.

Номбурда солҳои 1990—1998 дар вазифаи дотсент ва аз соли 1998 то соли 2002 ба ҳайси профессор дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст. Профессор Солеҳов Т.Ҳ. соли 2002 барои идомаи кор ба кафедраи физикаи назариявии ДМТ гузашта, солҳои 2002—2010 ва 2012—2014 вазифаи профессори кафедраи зикршударо ба уҳда дошт. Аз соли 2014 ин ҷониб сарходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотии ДМТ мебошад.

  • «Асосҳои назариявии оптоакустика лазерӣ». Душанбе, 2001. — 101 c.
  • «Optical method of stimulation of the second sound on super fluid helium» // Phys. Let. 1991, V.161, № 2. — PP.161–163.
  • «Optical generation of the first and second sounds in superfluid 3Не-4Не solutions» // Low. Temp. Phys. 1999, V.25, № 10. — PP.760–764.
  • «Влияние тепловой нелинейности сильнопоглощающих сред на параметры фотоакустического сигнала при газомикрофонной регистрации». Основная и вторая гармоники // ЖТФ. 2006, Т.76, № 6. — С.87-97.
  • «Динамика термодеструкции пленок поливинилового спирта а поле лазерного излучения» // Ж. приклад. химии, 1997, № 12. — С.2046-2048.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Султон Умаров

Сарчашма

вироиш