Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология

(Тағйири масир аз Институти геологияи АИ ҶТ)

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи муттаҳид гардидани собиқ Институти геология ва Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ, рӯи кор омадааст. Ба вазифаи директори Институт Аминзода Пулод тайин гардид.[1].

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмолгия
Соли таъсис Соли 1941
Президент Аминзода Пулод
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734063, кӯчаи Айнӣ, 267
Сайт anrt.tj

Таърих

вироиш

Соли 1941 дар Бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сектори геология ба Институти геология табдил дода шуд. Нахустин директори Институти геология С.Н. Ильин таъйин гардид. Минбаъд ин вазифаро И.К.Никитин (солҳои 1944-1945), Б.Л.Личков (солҳои 1945-1946), С.Ф.Машковсев (солҳои 1947-1949), И.В.Белов (солҳои 1949-1950), П.А. Панкратов (солҳои 1950-1953) ишғол намуданд. Соли 1941 дар институт 3 сектор ташкил карда шуд: сектори геологияи умумӣ, сектори канданиҳои фоиданоки маъданӣ ва сектори гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ.

Соли 1951 Институти геология ба ҳайати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон дохил карда шуд. Дар ин замон дар институт воҳидҳои нави илмӣ: сектори ангишт ва нафт, озмоишгоҳи рентгеноспектралӣ, Осорхонаи геологӣ ва устохонаи пардозу сайқалдиҳӣ. Дар соли 1953 узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Р.Б.Баротов (академик аз соли 1968) директори институт интихоб гардида, дар ин вазифа 35 сол хизмат намуд. Дар ташаккул ва рушди институт дар солҳои баъд ҳамчунин академикҳои АИ ҶТ А.П. Недзветский, П.А. Панкратов, С.А.Захаров, М.Р. Ҷалилов, С.М.Юсуфова, аъзои вобастаи АИ ҶТ М.М.Кухтиков, В.И. Буданов, Г.Х.Салибаев саҳми арзанда гузоштанд. Аз соли 1988 то соли 1994 директори институт академик М.Р. Ҷалилов буд. Тайи солҳои 1997-2010 институтро узви вобастаи АИ ҶТ А.Р.Файзиев сарварӣ намуд.[2].

Институти сейсмология (зилзилашиносӣ) моҳи марти соли 1951 дар заминаи Сектори геофизики Бахши тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ ва се пойгоҳи сейсмикӣ (зилзиласанҷӣ) таъсис дода шуда буд: пойгоҳи «Душанбе», пойгоҳи «Кӯлоб» ва пойгоҳи «Обигарм». Таъсиси ин институт дар рушди илми сейсмологӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ бозид. Соли 1958 Институти сейсмология ба Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар он секторҳои нави илмӣ оид ба омӯзиши иншооти ба заминҷунбӣ тобовар кушода шуданд. Нахустин директори Институти сейсмология номзади илмҳои техникӣ П.Г. Семенов (солҳои 1952-1953) буд. Дар солҳои баъд институтро доктори илмҳои физикаю математика В.Н. Бунэ (солҳои 1953-1954), доктори илмҳои физикаю математика В.Г. Гайский (солҳои 1954-1964), номзади илмҳои техникӣ С.И. Ворожсов (солҳои 1964-1965), академики АИ ҶТ С.Х. Неъматуллоев (солҳои 1965-2004), узви вобастаи АИ ҶТ Ҷ .Низомов (солҳои 2004-2011) сарварӣ намуданд. Институти сейсмология ҳаҷми бузурги мушоҳидаҳоро дар ҳудудҳои сейсмикӣ иҷро кард, усулҳои миқдории баҳодиҳии хатарноки сейсмикиро коркард намуд. Саҳми олимон, мисли Г.С. Селезнев Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991), К.М. Мирзоев Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991) ва Ҷ. Низомов Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008) дар кашфиётҳои пужӯҳишгоҳи зизиласанҷӣ назаррас аст. [3].

Сохтор ва ҳайати пажӯҳишгоҳ

вироиш

Институт аз 10 озмоишгоҳи илмию таҳқиқотӣ иборат аст: палеонтология ва стратиграфия; петрология ва геохимия; литосфера; канданиҳои фоиданок; баҳодиҳии хатарнокиҳои сейсмикӣ ва геоэкологӣ; таҳқиқоти комплексии геофизикӣ; зилзиланокии минтақавӣ; биноҳои сейсмоустувор; иншооти сейсмоусту-вори гидротехникӣ: назарияи сейсмоустуворӣ ва моделсозӣ.

Дар институт ҳамчунин 4 гурӯҳи иловагии кӯмаккунанда фаъолият менамоянд: хадамоти мониторинги сейсмикӣ, қариб 50 пойгоҳҳои сейс-микӣ, сейсмогеохимиявӣ ва муҳан-дисию сейсмометрӣ, ки дар тамоми марзи ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд; гурӯҳи таҳлили усулҳои физикию химиявӣ; гурӯҳи технологияҳои иттилоотии геологӣ; осорхонаи геологӣ.

Аз соли 2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти геологияи АИ ҶТ ва Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ муттаҳид гардида Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ номгузорӣ карда шуд. дар институт 200 корманд, аз ҷумла 7 доктори илм (аз онҳо 2 академики АИ ҶТ ва 2 аъзои вобастаи АИ ҶТ) ва 22 номзади илм фаъолият менамоянд. Институт дар айни замон ташкилоти пешбари ҷумҳурӣ оид ба таҳқиқоти илмии сохти геологӣ ва канданиҳои фоиданок, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар буда, ба ҳалли ҳам масъалаҳои бунёдӣ ва ҳам амалӣ машғул аст. Вазифаи асосии институт дар марҳилаи муосир коркарди усулҳо ва тавсияҳо оид ба азхудкунии сарватҳои маъдании Тоҷикистон, паст кардани хатари сейсмикӣ ва таъмини амнияти сейсмикии аҳолӣ мебошад.[4].

Нигаред низ

вироиш