Ал Ҳиҷр (араб. الحجرМадоин-Солеҳ) — понздаҳум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 99 оят аст.

Сура —
Маънои ном Мадоин-Солеҳ
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 54
Омор
Рақами сура 15
Шумораи оятҳо 99
Ҷузъ 14
Ҳизб 27
Шумораи рукӯъ 6
Шумораи калима 654
Шумораи ҳарф 2760
Сураи гузашта Сураи Иброҳим
Сураи раванд Сураи Ан Наҳл
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа вироиш

  Алиф, лом, ро. Ин аст-оёти китоб ва Қуръони равшангар.   Бисёр вақт кофирон орзу кунанд, ки эй кош мусалмон мебуданд,   Бигузорашон, то бихӯранд ва баҳравар шаванд ва орзу ба худ машғулашон дорад, ба зуди хоҳанд донист.   Ҳар деҳаеро ҳалок кардем, албатта замоне маълум дошт.   Ҳеч уммате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на пас мемонад.   Ва гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту девонаӣ!   Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ?»   Мо фариштагонро ғайри ба ҳақ нозил намекунем ва дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд.   Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем.   Ва Мо расулони худро пеш аз ту ба миёни қавмҳои пешин фиристодаем.   Ҳар паёмбаре бар онҳо фиристода шуд, албатта масхарааш карданд.   Роҳашро дар дили гунаҳгорон инчунин мекушоем!   Ба он имон намеоваранд ва суннати пешиниён чунин будааст.
 

Тафсир вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

Сураи қаблӣ: Сураи Иброҳим Сура 15Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ан Наҳл