Ан Наҳл (араб. النحلЗанбӯри асал) — шонздаҳум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 128 оят аст.

Сура —
Маънои ном Занбӯри асал
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 70
Омор
Рақами сура 16
Шумораи оятҳо 128
Ҷузъ 14
Ҳизб 27—28
Шумораи рукӯъ 16
Шумораи саҷда 1 (оят 50)
Шумораи калима 2840
Шумораи ҳарф 7707
Сураи гузашта Сураи Ал Ҳиҷр
Сураи раванд Сураи Ал Исро
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа

вироиш
  Фармони Худованд даррасид, ба шитобаш наталабед. Ӯ пок аст ва аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд, бартар аст.   Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, поён мефиристад, то бим диҳанд, ки ғайри Ман худое нест, пас аз Ман битарсед.   Осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, болотар аст.   Одамиро аз нутфа биёфарид. Ва акнун ӯст, ки ба ошкоро душманӣ мекунад.   Чаҳорпоёнро бароятон биёфарид, шуморо аз онҳо ҳарорату дигар нафъҳост. Ва аз онҳо мехӯред.   Ва чун шабҳангом бозмегардонед ва бомдодон берун мефиристед, нишони зинату обрӯи шумоянд;   Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки бе ранҷи тан ба онҳо натавонед расид, ҳамл мекунанд, зеро Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!
 

Тафсир

вироиш

Сарчашма

вироиш
Сураи қаблӣ: Ал Ҳиҷр Сура 16Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Исро