Суҳравардия (ар. سهروردية‎) — яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки дар садаи XIII ташакул ёфта буд.

Таърих

вироиш

Ба ин тариқат аввал Абдулқодири Суҳравардӣ замина гузошт ва шогирду бародарзодаи ӯ Абулҳафси Суҳравардӣ зинаҳои асосии маърифати ирфониро инкишоф дода, назариётчии асосии суҳравардия шуд. Баъди ӯ писараш Муҳаммад ибни Умари Суҳравардӣ тариқати падарашро идома дод ва Баҳоуддини Мултонӣ, Фахруддини Ироқӣ ва Амирҳусайни Ҳиравӣ онро дар Ҳиндустон интишор доданд.

Тамоми масъалаҳои назариявию амалии ин тариқат дар ҳудуди вилояти он тавассути Абулҳафси Сӯҳравардӣ идора мешуд. Ӯ пайравони худро дар работи Марзбония ва Маъмуния тарбия карда, ба гӯшаю канори мамолики исломӣ мефиристод ва ба ҳалли масъалаҳои шаръӣ худаш фатво медод. Пайравонашро на фақат тавассути иршод, балки ба воситаи асараш «Авориф-ул-маъориф» низ роҳнамоӣ намуда, дар бобҳои он нуқтаҳои асосии таълимоту одоби тариқати суҳравардияро баён карда буд. Яке аз ҳаводорони суҳравардия «Авориф-ул-маъориф»-ро ба забрни форсӣ-тоҷикӣ тарҷума карда-аст.

Ин тариқат дар Ҳиндустону Покистон имрӯз низ пайравони худро дорад.

Силсила

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Абдулҳусайни Зарринкӯб. Ҷустуҷу дар тасаввуфи Эрон. — Д.: Ирфон, 1992. — С. 384. — 398 с.
  • R. Gramlich. Die Gaben der Erkenntnisse des 'Umar as-Suhrawardi. — Wiesbaden, 1978.

Пайвандҳо

вироиш
  • Колодин, Александр Сухравардийа. Культура веры. Путеводитель сомневающихся. 6 Январ 2014 санҷида шуд.(рус.)