Хоҷаев Суҳроб Рустамович (зод. 21 май 1993[1], Фархор, Вилояти Хатлон) — варзишгари гурзандози тоҷику узбек. Фаъолияти варзишиашро дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон оғоз намуда, аз соли 2010 инҷониб дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муаррифӣ мекунад. Иштирокдори дукаратаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ ва Чемпионатҳои Осиё, ғолиби чандинкаратаи чемпионатҳои кишвар.

Варзиши сабук
Варзиши сабук
'
Иттилооти умумӣ
Сана ва маҳалли таваллуд 21 май 1993(1993-05-21)[1] (31 сол)
Шаҳрвандӣ
IAAF
Рекордҳои шахсӣ

Зиндагинома

вироиш

Суҳроб Хоҷаев 21 майи соли 1993 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ — Рустам Хоҷаев таваллуд шудааст. Ҳангоме ки Суҳроб ду сол дошт, оилаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯч мебандад.

Аз шашсолагӣ ба варзиш машғул шуда, сараввал намудҳои варзиши гимнастика, шиноварӣ, теннис, боксро тамрин кард, аммо дар ниҳоят, соли 2006 ба варзиши сабук гузашт. Вай таҳти роҳбарии мураббӣ Шамшод Қурбонов партоби диск омӯхта, пасон гурзандозиро омӯхт. Мураббии аввалини ӯ дар ин ҷода Суҳроб Мардонов мебошад. Зери ҳидоятҳои мутахассисоне чун Дилшод Назаров, Александр Пискунов ва Андрей Абдувалиев тамрин кардааст. Соли 2009 Коллеҷи тарбияи ҷисмониро хатм кардааст.

Аввалин муваффақияти Суҳроб дар арсаи байналмилалӣ нишони нуқраи Чемпионати ҷаҳони наврасон дар Бриксен аз навъи гурзандозӣ мебошад.

Соли 2010 барои иқомати доимӣ ба Тошкандд кӯчид ва аз он вақт инҷониб тими миллии Ӯзбекистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.

Соли 2012 дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии Осиё гардид, инчунин дар Қаҳрамонии ҷаҳони наврасон дар Барселона нишони биринҷӣ гирифт. Соли 2012 дар Бозиҳои тобистони олимпӣ тимми мунтахаби Ӯзбекистонро намояндагӣ кард ва дар гурзандозӣ миёни мардон натиҷаи 65,88 метрро нишон дода, мақоми 38-ум дар натиҷаи ниҳоии мусобиқа касб кард.

Соли 2014 дар Бозиҳои Осиёии Инчуун ҳунарнамоӣ карда, мақоми панҷум ва дар Қаҳрамонии Осиё — 2015 дар Уҳан мақоми чорумро касб кард.

Дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро гурзро ба масофаи 70,11 метр андохт ва дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 23-юмро касб кард[2].

Пас аз Олимпиадаи дуввум дар карераи худ Хоҷаев дар ҳайати дастаи варзиши сабуки Ӯзбекистон монд ва иштирокашро дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ идома дод. Ҳамин тавр, соли 2017 ӯ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Боку ҳунарнамоӣ кард, ки дар он панҷум буд.

Соли 2018 дар Бозиҳои Осиёии Ҷакарта нишони биринҷӣ гирифт.

Соли 2019 дар Қаҳрамонии Осиё дар Доҳа нишони биринҷӣ ба даст овард. 3 июни соли 2021 роҳхатти навбатии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токийёро ба даст овард. Рекорди шахсии Суҳроб Хоҷаев дар гурзандозӣ ба 78,22 метр баробар аст.

  1. 1.0 1.1 https://worldathletics.org/athletes/-/14427108
  2. Нарзуллохи Латиф. Сухроб Ходжаев: Если бы не был прооперирован, то вышел бы в финал. Радио Озоди (19 августи 2016). 21 май 2019 санҷида шуд.

Истинод

вироиш