Тамара Абдушукурова
Тамара Абдушукурова - ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970), омӯзгор, профессор, ходими давлатӣ.
Тамара Махсумовна Абдушукурова | |
Таърихи таваллуд | 1940 |
Зодгоҳ | Ғарм |
Пеша | ҳунарпеша |
Зиндагинома Вироиш
Тамара Абдушукурова 24 августи соли 1940 дар деҳаи Шулмаки Ғарми ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1956 баъд аз ғолиб баромадан дар озмуни ҷавонони ҳаваскор бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба курси 2 студияи тоҷикии Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарский Москва (ГИТИС) дохил шуда соли 1960 онро хатм намудааст.
- 1960-1961 - ҳунарпешаи Театри мазҳакавии ба номи А, Пушкини шаҳри Ленинобод ;
- 1961-1972 - ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, шаҳри Душанбе;
- 1972-1986 – муаллимаи калон, дотсент, проректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;
- 1986 -1988 – инструктори шуъбаи маданияти КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон ва ноиби Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон;
- 1988-1990 – ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;
- 1990-1992 – Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1992-1996 – профессори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;
- Аз соли 1996 дар нафақа, ҳамчунин узви Шурои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи санъати театрӣ.[1]
Эҷодиёт Вироиш
Абдушукурова дар саҳнаи театр асосан роли занони қавиирода, тавоно ва боиффатро бо маҳорати баланд бозидааст. Беҳтарин ролҳои офаридааш: Смералдино («Шоҳ Гавазн»-и К. Готси), Варя («Ҷавоне аз шаҳри мо»-и К. Симонов), Бунафша («Деҳотӣ»-и М. Иброҳимбеков), Нозӣ («Дуэл»-и М. Байҷиев), Мавҷуда («Иродаи зан»-иА. Сидқӣ) ва ғ. Чандин асари саҳнавӣ – «Никоҳи мунтахаб»-и К. Голдони, «Ёрони маҳбуб»-и А. Баҳорӣ, «Беҷиҳоз»-и А. Островский, «Зангирӣ»-и Н. Гогол ва ғ.-ро таҳия намудааст.
Ҷоизаҳо Вироиш
Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.[2]
Эзоҳ Вироиш
- ↑ Абдушукурова Тамара Махсумовна //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе, 1988, ҷ. 1.- С.26.
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012- с. ?