Таърихи пахтакории Тоҷикистон

Павариши пахта, ҷӯяки пахта
Пахтаи тайёр барои ғунучин
Комбайни пахтаҷамъкунӣ

Пахтакорӣ дар замони гузашта

вироиш

Мувофиқи ҳафриёти археологӣ аз асрҳои I—IV мелоди дар Осиёи Миёна пахта кишт мекунанд. Тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим ба пахтакорӣ машғул буданд. Асрҳои VII—X дар қисми шимолии Истаравшан пахта парвариш мекарданд. Шарқшинос Бартолд қайд мекунад қатъи назар аз он, ки дар натиҷаи истилои муғул (ибтидои асри XIII) соҳаи кишоварзӣ дар бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна хароб гардид, дар водии Зарафшон ва поёноби дарёи Аму пахтакорӣ ва тайёр намудани матоъҳои пахтагин равнақ дошт, Бино ба маъхазҳои таърихӣ, ҳануз аз нимаи дуюми асри XIII дар қатори дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Осиёи Миёна ба мамлакатҳои ҳамсоя пахта низ содирот мекарданд. Пахтакорӣ хусусан дар аҳди Темур ва Темуриён (асрҳои XIV—XV) ёфт. Пахтаро дар Хатлон, Балх, Шаҳрисабз ва хусусан микдори зиёд дар Самарқанд парвариш мекарданд. Дар ибтидои асри XIX чун давраҳои гузашта, дар заминҳои обии Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди имрузаи Тоҷикистон пахтакори ҷои намоёнро ишғол мекард. Дар миёнаи асри XIX дар Хуҷанд пахтакорӣ 11,5 фоизи майдонро ташкил медод. Баъди ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна талаботи саноати Россия ба пахта хеле афзуд. Дар уезди Хуҷанд «Ширкати аксионерии К.Кудрин ва К» ташкил ёфт. Дар натиҷаи афзудани талаботи саноати бофандагии Россия ба пахта дар Осиёи Миёна киштзори пахта хеле васеъ карда шуд. Агар соли 1884 пахтаи навъи «америкоӣ»-и 450 десятина киштзоррро фаро гирифта бошад, пас соли 1887 микдори он ба 14500 десятина расид. Пахтаи америкои нисбат ба навъҳои маҳаллӣ даромадноктар буд. Дар Тоҷикистон дар ибтидои асри XX чаҳор навъи пахта — бухорӣ, қуқандӣ, хевагӣ ва маллағуза кишт мешуд. Ҳукумати подшоҳӣ барои беҳтар намудани сифати пахта диққати ҷиддӣ медод. Пахтакорӣ дар аморати Бухоро нисбатан суст тараққӣ мекард. Набудани роҳи оҳан, паст будани дараҷаи техника ба инкишофи пахтакорӣ монеъ мегардид. Қатъи назар аз ин, аз соли 1890 то соли 1917 замини пахтаи Бухорои Шарқӣ 15 маротиба (аз 520 то 7600 га) зиёд шуд. Соли 1913 дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон 26,7 ҳазор гектар, аз ҷумла дар округи Хуҷанд 13.3 ҳазор га, водиҳои Ҳисору Вахш 12 ҳазор га, ноҳияи Кӯлоб 1500 га пахта кишт мекарданд. Худи ҳамон сол 32,3 ҳазор тонна пахта (ҳосилнокиаш ба ҳисоби миёна 12,1 с/га) ғундоштанд.[1]

Пахтакорӣ дар ҶШС Тоҷикистон

вироиш

Ғалбаи Револютсияи Сотсиалистии Октябр дар тараққи додани пахтакорӣ гардиши кулли ба амал овард. Моҳи майи соли 1918 В. И. Ленин ба «Декрет дар бораи ҷудо кардани 50 млн сумм барои корҳои обёри дар Туркистон ва дар бораи ташкили ин корҳо» имзо гузошт. Барои барқарор кардан ва ривоҷ додани пахтакори дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна Комитети пахтаи Туркистон ташкил шуд. Моҳи ноябри соли 1920 декрети махсуси Совети Комиссарони Халқи РСФСР «Доир ба барқароркунии пахтакори дар ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистии Туркистон ва Озарбойҷон» қабул гардид. Соли 1924 Маҷлиси умумииттифоқии пахтакорон баргузор гардид, ки он ҷамъбасти плани панҷсоларо оид ба зиёд кардани истеҳсоли пахта дида баромад ва масъалаи нав ба миён гузошт. Соли 1926 ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо оварда шуданд, умури агрономии хоҷагиҳои яккадасти пахтакор ба роҳ монда шуд. Дар инкишофи пахтакори хусусан соли 1929 ташкил шудани 4 МТС (дорои 300 трактор) аҳамияти калон дошт. Сохтмони колхозӣ дар ҷумҳурӣ хусусан соли 1930 авҷ гирифт, ин ба пешрафти пахтакорӣ такони бузурге буд. Дар ин солҳо дар ҷумҳурӣ 634 колхоз ташкил шуд, ки 500 тои он ба пахтакори машғул буд. Дар охири панҷсолаи якум талаботи ба пахта доштаи мамлакат пурра қонеъ гардонида шуд. Ҳосили умумии пахта аз 38,6 ҳазор тонна (1928) то 50,6 ҳазор тонна(1932) афзуд. Панҷсолаи дуюм заминҳои бекорхобидаи водии Вахш азхуд кардашуда, колхозу совхозҳои пахтакори ташкил шуд, ки дар онҳо истеҳсоли пахтаи маҳинах низ ба роҳ монда шуд. Соли 1931 аз Миср ба водии Вахш навъҳои пахтаи «Пимо», «Маарат», «Ашмуни», «Арифи» ва ғайра оварда шуд. Солҳои 1932—1937 истеҳсоли пахта назар ба солҳои 1927—1932 аз 253,5 ҳазор тонна то 515,5 ҳазор тонна расонида шуд. Истеҳсоли пахтаи маҳинах 15 баробар афзоиш ёфт. Соли 1938 ҶШС Тоҷикистон ба ватан 178,4 хазор тонна пахта супорид. Хосили миёнаи пахтаи ҷумҳури ба 17,9 с/га расонида шуд, ки дар собиқ шурави ҳосили аз ҳама баланд ба ҳисоб мерафт. Сохтмони канали калони Фарғона ва канали калони Ҳисор (1939—1944) дар пахтазори ҷумҳурӣ роли арзанда бозиданд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳосили умумии пахта кам ва ҳосилнокии он паст шуд. Сентябри соли 1945 Ҳукумати Советӣ «Доир ба минбаъдтараққи додани пахтакории ҶШС Тоҷикистон» ва июни соли 1946 "Доир ба план ва тадбирҳои барқароркуни ва инкишофи минбаъдаи пахтакории ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1946—1950 Қарори махсус қабул кард. Дар солҳои панҷсолаи чорум (1946—1950) замини кишти пахта 31 % зиёд шуда, ба 126 ҳазор гектар расид. Ҳосили умумии пахта назар ба давраи то инқилоби 3,3 маротиба афзуд. Соли 1955 Тоҷикистон 400,3 ҳазор тонна пахта, дар соли 1971 788,1 ҳазор тонна ва дар соли 1978 бошад дар ҷумҳури 909,1 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст. Соли 1980 дар таърихи пахтакори соли фаромушнашаванда маҳсуб меёбад. Дар ин сол пахтакорони ҷумҳурӣ истеҳсоли пахтаро ба 1010,6 ҳазор тонна расониданд, ки ба ҳар гектар 32,8 сентнери рост меомад.[1]

Пахтакорӣ дар замони истиқлол

вироиш

Соли 1991 кишти пахта дар ҷумҳури 298,7 ҳазор гектар ва истеҳсоли он 825,1 ҳазор тоннаро ташкил кард, ҳосилнокӣ ба 27,5 сетнери расид. Соли 1999 майдони пахтазор 247,5 ҳазор гектарро ташкил кард ва ҳамагӣ 316,6 тонна пахта истеҳсол карда шуд. Дар таърихи пахтакории ҷумҳурӣ ҳосили пастарин (12,8 с/га) гирифта шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 4 марти соли 2002, тати № 80 «Барномаи рушди соҳаи пахтакориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002—2005» тасдиқ намуд. Тибқи Барнома то соли 2005 истеҳсоли пахта бояд ба 700 ҳазор тонна расонда шавад. Умуман сатҳи пастравии соҳаи пахтакорӣ дар ҷумҳури боздошта шуд. Соли 2002—515,5 ҳазор тонна, соли 2003—537,4 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд. Соли 2004 пахтакорон дар майдони 293227 гектар пахта кишт караданд ва бад-ин минвол мехоҳанд истеҳсоли онро ба 610 ҳазор тонна расонанд. Соҳаи коркарди пахта — пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравд. Даромад аз фуруши маҳсулоти асосии пахта — нах, инчунин чигит, тибит ва ғайра ба миқдори 20-25 фоизи даромади солонаи миллиро ташкил медиҳад. Бар ивази содироти нах, тибит ва тораки пахта ба ҷумҳурӣ маводи хурока, сузишворӣ, нуриҳои маъданӣ, захрхимикатҳо, техника ва қисмҳои эҳтиётии он, тиббӣ, мудофиа ва ғайра ворид мешаванд. Аз пахта ба воситаи коркард беш аз 300 намуди маҳсулоти хочагии халқ истеҳсол мешавад.[1]

Нигаред

вироиш