Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ

Афзалуддин Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Исфаҳонӣ (форсӣ: فضل بن روزبهان خنجی‎; 1457, Хунҷ, Эрон — 1520, Бухоро) — муаррих, сиёсатмадор, шоир, нависанда ва донишманди маъруфи форс-тоҷик.

Фазлуллоҳ ибни Рӯзбеҳони Хунҷӣ
Таърихи таваллуд 1456 ё 1457
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1521
Кишвар

Зиндагинома вироиш

Давраи ҷавонӣ ва таҳсилро дар Шерозу Исфаҳон гузаронда, дар 17-солагӣ ба Ҳиҷоз рафт ва баъди такомули илм (омӯзиши Қуръон, адабиёти араб), соли 1482 Маккаро зиёрат намуд ва ба Шероз баргашт. Дар пайравии Абуалӣ ибни Сино ва Ибни Туфайл (асри 12) оид ба тарзи давлатдорӣ асаре бо номи «Бадоеъу-з-замон фӣ қиссати Ҳай ибни Яқзон» (1490) эҷод кард. Осори ӯ бештар дар улуми давлатдорист. Ҳангоми хидмат (муншӣ) дар дарбори султон Яъқуби Оққуюнлу «Таърихи Аминӣ»-ро (1503) навишт. Ин асар оид ба тарзи давлатдорӣ, сабабҳои нооромиҳои давр, муҳити адабӣ, вазъи иҷтимоии садаи XV ва ибтидои садаи XVI маълумоти саҳеҳ медиҳад. Афзалуддини Фазлуллоҳ дар натиҷаи таъқиби исмоилиёни Эрон аз Табрез ба Кошон омада, дар ҷавоби «Роҳи ҳақиқат» ном асари Ҳасан ибни Муайиди Хуллӣ «Баргаштан аз роҳи хато» ном асарашро навишт (1508). Афзалуддини Фазлуллоҳ соли 1503 ба Хуросон, баъдан ба Бухоро омад. «Меҳмонномаи Бухоро» (1508-09) ва «Сулуку-л-мулук» («Роҳи подшоҳон», 1514) маҳсули ҳамин давраанд. «Меҳмонномаи Бухоро» мадорики муҳиммеро оид ба таъйини вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии садаи XV ва нимаи аввали садаи XVI, муҳити адабии он аҳд, зиндагии мардум ва ғайра дар бар мегирад. Аз эҷодиёти Афзалуддини Фазлуллоҳ чун шоир намунаҳои ғазалиёт ва қитаъот боқӣ мондаанд. Машҳуртарин асари Афзалуддини Фазлуллоҳ «Сулуку-л-мулук» (иборат аз 15 боб) мебошад, ки дар он масъалаҳои тарзи давлатдорӣ, муносибат бо аҳли ғайридини ислом — яҳудиён, насрониён, маросимҳо, хайру эҳсон ва ғайра матраҳ гардидаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

  • Персидские и таджикские рукописи ИНА АН СССР. Т. 1. М., 1964;
  • Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. Д., 2007.