Машраб Файзулло Курбоналӣ

Машраб Файзулло Курбоналӣ (Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич; тав. 4 декабри 1973, Балҷувон, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (2012), профессор (2018). Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ( аз соли 2022). [1]

Машраб Файзулло Курбоналӣ
Машраб Қурбоналиевич Файзуллоев
Таърихи таваллуд 4 декабр 1973(1973-12-04) (50 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Балҷувон, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон (2006)
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Акс:Файзулло Машраб Қурбонали
Машраб Файзулло Курбоналӣ, Ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон профессор

Зиндагинома

вироиш

Машраб Файзулло Курбоналӣ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1995) ва шунавандаи курсҳои такмили ихтисоси Маркази тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ (ЦПНПК МГУ) (1997). Дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав (1997—2000), Донишгоҳи байналмилалии бонкии Санкт-Петербург аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии зиддибӯҳронии корхонаҳо» (2004) ва докторантураи Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Москва (МЭСИ, 2009—2012), таҳсил намудааст.

Корнома

вироиш

Машраб Файзулло Курбоналӣ солҳои 1995—1997 ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2006—2009 декани факултети таҳсили ғоибона ва мудири кафедраи «Менеҷменти инноватсионӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2001 то моҳи майи соли 2003 ба сифати муҳосиби Намояндагии Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон (Tajikair) дар ш. Москва, аз моҳи майи соли 2003 то моҳи феврали 2006 дар вазифаҳои ҷонишини сардори Мудирияти корҳо, сардори шуъбаи сиёсати иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи шартномаҳои КВД ҳавопаймоии «Тоҷикистон» фаъолият намудааст.[2] Аз моҳи январи 2013 ба сифати мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуд. Солҳои 2013—2015 мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. Аз моҳи марти соли 2015 декани факултаи иқтисодии донишгоҳи мазкур буд. Солҳои 2006—2009 раиси Шӯрои олимону муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон, узви Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар Ирландия (1997) ва Ҷопон (2003) такмили ихтисос намудааст.


Кор дар порлумон

вироиш

Машраб Файзулло Курбоналӣ 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд[3]. Шӯрои палатаи поёнии парлумон 14 декабри 2020 ӯро ба вазифаи раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфт[4]. Ӯ то 16 августи соли 2022 вакил ва раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия дар Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. [5]

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Таълифоти илмиаш 6 монография, беш аз 182 мақолаҳои илмӣ ва 18 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад. Дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ дар шаҳри Москва, Санкт-Петербург, Минск, Красноярск, Қазон, Воронеж, Волгоград, Рязан, Грозный, Тараз ширкат варзидааст. Таҳти роҳбарии ӯ 7 аспиранту унвонҷӯён дар дохили кишвар ва берун аз он рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Раиси шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-029, аъзои шўрои диссертатсионии 6D.KOA-004 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа(PhD), доктор аз рўи ихтисос, аъзои Шўрои диссертатсионии Д 999.020.02 ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди ДМТ ва ДСРТ мебошад. [6]

Ҷоизаҳо

вироиш

Барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон (2006) буда ва бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

  • Инновационный менеджмент: методическое пособие. — Душанбе: ИЭТ, 2009;
  • Инновации и венчурное инвестирование: тенденции и практика: монография. — М.: МЭСИ, 2010;
  • Основы формирования национальной инновационной системы Монография: — Душанбе: Ирфон, 2015. — 354 с.
  1. www.centrasia.org. [https://centrasia.org/person2.php?st=1630087573 ФАЙЗУЛЛО (ФАЙЗУЛЛОЕВ) Машраб (Курбоналиевич) / /](рус.) (10 Декабри 2022). 17 ноябри 2024 санҷида шуд.
  2. www.sputnik.tj. Тағйироти кадрӣ. Ректори нави ДСРТ кист?(тоҷ.) (17 августи 2022). 17 ноябри 2024 санҷида шуд.
  3. Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2020.
  4. Аваз Юлдошев. Профессор Машраб Файзуллоев Кумитаи иқтисод ва молияи парлумонро ба роҳбарӣ гирифт. asiaplustj.info. ASIA-Plus (14 Декабри 2020). 23 ноябри 2021 санҷида шуд.
  5. www.sputnik.tj. Тағйироти кадрӣ. Ректори нави ДСРТ кист?(тоҷ.) (17 августи 2022). 17 ноябри 2024 санҷида шуд.
  6. www.sputnik.tj. Тағйироти кадрӣ. Ректори нави ДСРТ кист?(тоҷ.) (17 августи 2022). 17 ноябри 2024 санҷида шуд.