Файнаншиал Таймз (англ. Financial Times) яке аз қадимтарин, муҳимтарин ва пурнуфузтарин рӯзномаҳои иқтисодӣ - сиёсӣ дар ҷаҳон аст, ки маркази он дар шаҳри Лондон қарор дорад. Рӯзномаи Файнаншиал Таймз аз рӯзномаҳои матраҳ ва бисёр муҳим дар сиёсат ва иқтисоди кишвари подшоҳии Инглистон ба ҳисоб меравад. Ин рӯзнома ба таври ҳамзамон дар 23 шаҳри умдаи дунё аз ҷумла Лондон, Дублин, Порис, Франкфурт, Стокҳолм, Милан, Мадрид, Ню Йорк, Чикаго, Лос Анҷелес, Сан-Франсиско, Даллас, Атланта, Майями, Вашингтон Ди Си, Токио, Ҳонг Конг, Сингапур, Сеул, Дубай, Йоҳанесбург ва Истанбул мунташир мешавад.

Рӯзномаи Файнаншиал Таймз танҳо рӯзнома дар ҷаҳон аст, ки вазъияти рӯзонаи Бурси Лондон ва дигар бурсҳои матраҳи ҷаҳонро бо таҳлилҳои комил ба сурати рӯзона баррасӣ мекунад.

Нигаред низ вироиш

 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Адабиёт вироиш

Пайвандҳо вироиш