Фелалиев Акрамшо Саидшоевич

Акрамшо Фелалиев — доктори илмҳои кишоварзӣ (2003). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2004),[1] узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ.

Акрамшо Фелалиев
Фелалиев Акрамшо Саидшоевич
Таърихи таваллуд: 8 июн,1958
Зодгоҳ: Ноҳияи Шуғнон
Фазои илмӣ: олим

ЗиндагиномаВироиш

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1982), ихтисос – «биология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: биология, генофонд ва полиморфизми дарахтҳои мевадор. Ходими хурд ва калони илмӣ (1990-1994), мудири озмоишгоҳи мевадорӣ, котиби илмии (1994-2005) Институти биологии Помири Академияи илмҳои ҶТ. Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-2010; 2010 – то имрӯз). Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1991).

Акрамшо Фелалиев - аз Ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [2]

Нигаред низВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард

ПайвандҳоВироиш