Фозил Обидзода
Обидов Фозил Саидович — иқтисодчӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Обидов Фозил Саидович | |
Таърихи таваллуд: | 31 январ 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишОбидов Фозил Саидович 31 январи соли 1961 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Ихтисос: иқтисодчӣ. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.[1]
- Солҳои 1978-1979 Коргари анбори марказии совхози ноҳияи Ховалинг
- Солҳои 1979-1981 Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
- Солҳои 1981-1987 Шунавандаи шуъбаи тайёрӣ, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номиВ.И.Ленин
- Солҳои 1987-1988 Оператор, муҳандиси МА-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
- Солҳои 1988-1990 Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
- Солҳои 1990-1993 Аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
- Солҳои 1993-2002 Ассистент, мудири шӯъба, дотсент, и.в. мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2002-2008 Мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2008-2019 Декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Аз феврали соли 2019 то соли 2020. Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]
Ҳамчунин нигаред
вироишСарчашма
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Обидов Фозил Саидович(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 августи 2020.