Фуод Абдураҳмонов

Фуод Абдураҳмонов (озарбойҷонӣ: Fuad Həsən oğlu Əbdürəhmanov, Фуод Ҳасанӯғлӣ Абдураҳмонов; 28 апрели 1915, Нуха — 15 июни 1971, Боку) — ҳайкалтароши озар, узви вобастаи Академияи Рассомони СССР (1949), Рассоми халқии ҶШС Озарбойҷон (1955), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Озарбойҷон.

Абдураҳмонов Фуод
Абдураҳмонов Фуод Ҳасанӯғлӣ
Таърихи таваллуд 28 апрел (11 май) 1915
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 июн 1971(1971-06-15) (56 сол)
Маҳалли даргузашт Боку
Кишвар
Пеша муҷассамасоз, рассом
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
People's Artist of the Azerbaijan SSR.png Honored Art Worker of the Azerbaijan SSR State Prize of the Azerbaijan SSR Мукофоти сталинӣ
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи Академияи Рассомони Ленинград (1940). Фаъолияти эҷодиаш ҳанӯз дар солҳои таҳсил оғоз ёфта буд. Соли 1934 ба муносибати 1000-солагии Фирдавсӣ аз рӯйи «Шоҳнома» композитсияи «Тирандоз»-ро офарид. Абдураҳмонов бештар ҳамчун ҳайкалтароши монументалист машҳур аст. Ҳайкалҳои Низомӣ дар Кировобод (1946, Мукофоти давлатии СССР, 1974) ва Боку (1949), нимтанаҳои монументалии Чойбалсан ва Сухэ-Батор (мармар, 1954, оромгоҳ дар Улан-Батор), ҳайкали Самад Вурғун дар Боку (1961), ҳайкали Рӯдакӣ дар Душанбе (1964) ва ғайра, муҷассамаҳои «Озодшавӣ» (дар Боку, 1960), «Чӯпон» (гаҷ, 1950, Мукофоти давлатии СССР, 1951; биринҷӣ, 1951, Нигористони Третяков) аз беҳтарин муҷассамаҳои офаридаи Абдураҳмонов мебошанд. Абдураҳмонов нимтанаҳои портретии В. И. Ленин (мармар, 1955, Музейи таърихи Озарбойҷон, Боку), Садриддин Айнӣ (Вазорати фарҳанги СССР, 1964) ва як қатор портретҳои дигарро офаридааст.

ҶоизаҳоВироиш

Бо 2 орден ва медалҳо сарфароз гардидааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш