Суфрия

(Тағйири масир аз Суф­рия)

Суфрия (ар. صفرية زيادية‎) — яке аз фирқаҳои бузурги хавориҷ ва пайрави Зиёд иб­ни Асфар (ар. زياد بن الأصفر‎) мебошанд.

Назароти динии суфрия

вироиш

Пайравони фирқаи суфрия нисбат ба пайравони фирқаи азрақия муътадилтар ва аз наҷдия ва ибозия низ дар баъзе назароти дини­ашон фарқ мекарданд. Масалан:

  • касонеро, ки бо онҳо ҳамақида буданд, ва­ле ҳамроҳашон дар ҷанг бо мухолифон ширкат намекарданд, кофир намедо­нистанд,
  • истеъроз – қатли кӯдакон ва занони мухолифонро раво намедо­нистанд,
  • тақияро дар қавл, на дар амал, ҷоиз медонистанд,
  • касеро, ки муртакиби гуноҳи мӯҷиби ҳад шавад, кофир намедонистанд, балки онро ба номи  анҷомдиҳандааш мехонданд, ба монанди дузд, ки ӯро сориқ, зиногар, ки ӯро зонӣ ва ғ.,
  • муртакиби гуноҳи кабираеро, ки барояш дар шаръ ҳадде пешбинӣ нашуда, кофир медонистанд.

Суфрия пас аз Абдуллоҳ ибни Ваҳб ва Ҳурқус ибни Зуҳайр Абубилол Мурдоси Хориҷӣ ва пас аз вай Имрон ибни Ҳиттони Судусии шоирро имом ва пешвойи худ медонанд.

Баъзе аз муҳаққиқон зуҳури суфрия дар соли 76 ҳ./696 м. медонанд ва он вақте буда, ки Солеҳ ибни Мусарреҳ бар зидди ҳукми умавиён хуруҷ кард ва пас аз кушта шудани вай Шабиб ибни Язид Шайбонӣ роҳбарии он шӯришро ба даст гирифт. Соли 134 ҳ. пайравони суфрия аз Хозим ибни Хузайма шикаст хурда, шуморе аз онҳо ба Уммон фирор карданд ва дар он ҷо ба даст ибозиён кушта шуданд. Соли 153 ҳ. Суфрия бо раҳбарии Абуқурра дар Мағриб қиём карданд ва коргузори аббосиён дар он ҷо Умар ибни Ҳафсро ба қатл расониданд ва соли 155 ҳ. Сиҷилмосаро ба тасарруф дароварданд. Суфрия дар қиёми умумии барбарҳо дар Мағриб ширкат доштанд ва саранҷом дар он ҷо дар фирқаи ибозия мун­ҳал гаштанд.

Адабиёт

вироиш
  • А. Боқизода, Имоми Аъзам бузургмарде дар таърихи башарият. – Душанбе, 2009;
  • Доиратулмаорифи форсӣ, ҷ. 2. – Теҳрон, 1380 ш.