Хайриддин Абдураҳимов

Хайриддин Абдураҳимо́в (Абдураҳимов Хайриддин Саидович; тав. 29 августи1956, ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — арбоби низомӣ, Сипаҳсолор (генерал-полковник) (2008). Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999—2006).

Хайриддин Абдураҳимов
парчам
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 январи 2012 — 2 феврали 2016
Пешгузашта Ҳайбулло Латипов
Ҷонишин Рустам Назарзода
парчам
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1999 — 2 сентябри 2010
Нахуствазир Оқил Оқилов
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Сайдамир Зуҳуров
Ҷонишин Саймумин Ятимов
Таваллуд 20 феврал 1951(1951-02-20) (73 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Абдураҳимов Хайриддин Саидович
Ҷоизаҳо ордени Спитамен
Хидмати сарбозӣ
Рутба Сипаҳсолор (генерал-полковник)

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1981). Аз соли 1982 дар мақомоти амнияти СССР ва Тоҷикистон. Дар вазифаҳои ваколатдор, ваколатдори калон, сардори шӯъба, муовини сардори раёсат, сардори раёсати амнияти Вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор кардааст. Солҳои 1999—2006 вазири амнияти ҶТ, 2006 — 10 раиси Комитети давлатии амнияти миллии ҶТ буд. Аз сентябри 2010 дар истеъфо.

Ордену ҷоизаҳо вироиш

Бо ордени Спитамен мукофотонида шудааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш