Хадиҷа Аслон

ҳунарпешаи турк
(Тағйири масир аз Хатича Аслан)

Хадиҷа Аслон (тур. Hatice Aslan, тав. 20 феврали 1962; Сивас, Туркия) — ҳунарпешаи синамо, театр ва телевизион Турк.

Хадиҷа Аслон
тур. Hatice Aslan
Ном ба ҳангоми таваллуд: Хадиҷа Аслон
Таърихи таваллуд: 20 феврал 1962(1962-02-20) (62 сол)
Зодгоҳ: Сивас, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1992-то ҳол
Самт: театр, синамо, телевизион
IMDb: ID 1728214

Зиндагинома вироиш

Ҳунарпеша Хадиҷа Аслон соли 1962 дар шаҳри Сиваси Туркия таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, духтар ба Анқара рафт ва дар он ҷо донишҷӯи Консерваторияи давлатӣ шуд. Пас аз гирифтани диплом, ҳунарпешаи ҷавон ба кор дар саҳнаи театр оғоз кард. Вай барои иштирок дар намоишномаҳои Театри Измир ва Театри давлатии Истанбул даъват карда шуд.

Фаъолият вироиш

Дар телевизион, Хадиҷа бори аввал дар синни 30-солагӣ баромад карда, дар силсилафилми хурди Фотеҳ Аксой "Хуррам Султон" нақш бозидааст. Намоиши ӯ сазовори ситоиши ҳам мунаққидон ва ҳам тамошобинони силсилафилм гардид. Пас аз панҷ сол, коргардони силсилафилми "Хуррам Султон" Хадиҷаро барои иҷрои нақши асосӣ дар филми нави "Се маймун" даъват мекунад, вай бечунучаро розӣ шуд. Коргардони ин драма Нури Билга Ҷейлон мебошад, ки барои Хадиҷа Аслан муваффақияти ҳақиқӣ гардид. Ин филми туркиро ҳатто ҳайати ҳакамон дар ҷашнвораи Канн қайд карданд ва ба коргардон мукофоти «Хурмои тилоӣ» доданд. Филми "Се маймун" ба худи Хадиҷа низ мекофот овард, ки номинатсияи "Беҳтарин бозигар" -ро дар маросими ҷоизасупории «2. Yeşilçam Awards» ба даст овард.

Ҳунарпешаи турк пеш аз пайвастан ба ҳайати эҷодии силсилафилми «Samanyolu» дар драмаҳои «Kiskanmak» ва «Iztochni piesi» нақш офаридааст. Иштирок дар лоиҳаи «Samanyolu» "гардишҳо" -и маъруфияти "Хадиҷа Аслонро афзудааст. Пас аз он нақш дар силсилафилми машҳури телевизионии 2010, "Мавсими лолаҳо" -ро пайгирӣ кард, ки нақшҳои асосиро Толгахон Сайишман, Селен Сойдар ва Серенай Сарикая бозидаанд. Дар воқеъ соли 2012, Хадиҷа Аслон дар филми "Vücut" -и коргардони Мустафои Нурӣ дурахшид.

Соли 2019 силсилафилми телевизионии "Kuzgun" ба бозор баромад. Хадиҷа нақши модари қаҳрамони асосӣ Кузгун (Бариш Ардуч) -ро бозид.

Соли 2020 нақши Улфат модари қаҳрамонзани асосиро дар силсилафилми Zümrüdüanka бозид, ки қаҳрамонҳои асосиро Алп Наврӯз ва Ҷерен Йилмаз бозидаанд. Силсилафилм дар шабакаи FOX TV пахш шудааст.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Ҳунарпеша ду маротиба издивоҷ кардааст: бори аввал бо ҳунарманди театр ва овозхон Ҳакки Эргёк, ки издивоҷаш бист сол тӯл кашид; бори дуввум бо рассом Ренан Калели, ки Хадиҷа низ аз ӯ ҷудо шудааст. Хадиҷа ду фарзанд дорад: писари худаш Экин ва духтари ба фарзандӣ гирифтааш Эҷе, ки дар вақти заминларза ятим мондааст.

Филмнома вироиш

Силсилафилм вироиш

Телевизион
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
1992 Elif'in Rüyaları - Нақши дуюмдараҷа
1993 Deli Balta Роза Нақши дуюмдараҷа
1993–1999 Ferhunde Hanımlar Наҷло Нақши дуюмдараҷа
2002 En Son Babalar Duyar Ҳуля Нақши асосӣ
2002 Меҳри ҷовид Лайло Нақши дуюмдараҷа
2003 Hürrem Sultan Моҳидаврон Султон Нақши дуюмдараҷа
2003 A. G. A Нақши дуюмдараҷа
2003 Hırçın Menekşe Пелин Нақши дуюмдараҷа
2007 Güzel Günler Фарида Нақши дуюмдараҷа
2008 Düğün Şarkıcısı Шукрон Нақши дуюмдараҷа
2009 Masumlar Наҷло Нақши дуюмдараҷа
2010 Samanyolu Белқиз Нақши асосӣ
2010–2013 Мавсими лолаҳо Зумруд Тошкирон Нақши асосӣ
2014 Bugünün Saraylısı Туркон Нақши дуюмдараҷа
2015 Ayrılsak da Beraberiz Маҳваш Нақши асосӣ
2015 Mayıs Kraliçesi Осу Айтекин Нақши марказӣ
2018 Adı: Zehra Шула Нақши асосӣ
2018 Bir Deli Rüzgar Малика Ҷондон Нақши марказӣ
2019 Kuzgun Марям Нақши марказӣ
2020-2021 Zümrüdüanka Улфат Нақши марказӣ

Филм вироиш

Синамо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2007 Bayrampaşa: Ben Fazla Kalmayacağım Хатича Нақши дуюмдараҷа
2008 Üç Maymun Ҳоҷар Нақши асосӣ
2009 Kıskanmak Фариҳа Нақши дуюмдараҷа
2009 Şark Oyunları Модари Ишил Нақши дуюмдараҷа
2012 Vücut Лайло Нақши асосӣ
2014 9on Нармин Нақши дуюмдараҷа

Ҷоизаҳо вироиш

  • 18 Altın Koza Film Festivali - Беҳтарин ҳунарпеша
  • 2 Yeşilçam Ödülleri - Беҳтарин ҳунарпеша (филми "Üç Maymun")
  • 41 SİYAD Türk Sineması Ödülleri - Беҳтарин нақши занона (филми "Üç Maymun")
  • 7 River Run Uluslararası Film Festivali - Беҳтарин ҳунарпеша (филми "Üç Maymun"

Нигаред низ вироиш

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш