Давлати Ҳайтолиён

(Тағйири масир аз Хиёниён)

Ҳайтолиён, Ҳиптолиён ё Ҳафтолиён (юн.-қад. Εφθαλιται) ё Ҳунҳои сафед — қавме буданд, ки аз иёлати Гонсуи Чин ба ҳудуди Тахористон ҳуҷум оварданд. Шуруи қудрати Ҳайтолиён аз соли 420 мелодӣ буд ва дар соли 567 мелодӣ ба даст қувваи муштараки Хусрави Анушервон ва Туркон аз байн рафтанд.

Давлати Ҳайтолиён
408 — 670



Давлати Ҳайтолиён
Пойтахт Кундуз ва Балх

Таъсисёбии Давлати Ҳайтолиён

вироиш

Дар Осиёи Марказии асри IV ва то миёнаҳои асри V се давлат ташкил меёбад: Кидориён, Хиёниён ва Ҳайтолиён. Дар байни онҳо Ҳайтолиён калонтару пурзӯртар буда, дар аввал қисмати шарқии Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла, Помирро ҳам дар бар мегирифт. Ҳайтолиён аз тарафи як подшоҳ идора карда мешуданд. Лекин баъзе ҳокимони маҳаллӣ мустақилияти худро нигоҳ дошта буданд. Тахту тоҷи подшоҳӣ меросӣ буд. Вазифаи шоҳиро вориси аз ҳама қобилиятноки шоҳ ишгол мекард. То миёнаҳои асри V давлати Ҳайтолиён дар Осиёи Марказӣ макоми ҳукмронро ба даст даровард. Дар ин давра ҳудудҳои он васеъ шуданд. Шоҳҳои Ҳайтолиён Суғд ва Тахористонро ҳам забт карданд. Давлати Ҳайтолиён дар замони ҳукмронии Хушнавоз — солҳои 50-ум ва 70-уми асри V боз ҳам васеътару пуриқтидортар гардид.

Дар муқобили давлати Ҳайтолиён ду давлати пурзӯр меистод, ки яке Давлати Сосониён ва дигаре Хоқонии Турк буд. Далели марказиятнок будани давлати Ҳайтолиён пойтахти ягона доштани он мебошад. Пойтахти давлати Ҳайтолиён шаҳри Бомиён буд, ки ҳоло дар Афғонистони Шимолии имрӯза воқеъ аст.

Ҷангҳои Ҳайтолиён бо Давлати Сосониён

вироиш

То ба давлати марказиятнок табдил ёфтани давлати Ҳайтолиён дар Эрон давлати пурзӯри Сосониён вуҷуд дошт, ки ба мавҷудияти давлати Ҳайтолиён таҳдид мекард. Барои ҳамин шоҳҳои Ҳайтолиён қариб дар тамоми давраи ҳукмрониашон худро аз ҳамлаҳои лашкари давлати Сосониён ҳимоя мекарданд. Вале дар миёнаҳои асри V давлати Ҳайтолнён чунон пурзӯр шуд, ки бар зидди ҳамлаҳои харобиовари давлати Сосониён истодагарӣ карда ҳатто бар он ғалаба ҳам карда метавонист.

Ҳайтолиҳо баъди қаламрави Тоҷикистони Ҷанубии имрӯзаро ишғол кардан мавқеи худро хуб мустаҳкам намуда, ба сарҳадҳои шарқии давлати Сосониён наздик шуданд. Вале ташаббускори оғози ҷанг шоҳ Пирӯз гардид, ки навакак дар Эрон ба тахти подшоҳӣ нишаста буд. Ҳамин тариқ, соли 457 ҷанги Пирӯз бар зидди Ҳайтолиён, ки шоҳашон Шаҳнавоз буд, оғоз гардид. Дар ин ҷанг тарафи муҳофизаткунанда ҳайтолиҳо буданд. Ҳайтолиҳо ҳамлаи лашкари Сосониёнро «хуб пешвоз» гирифтанд.

Дар ҷанги пешина Ҳайтолиҳо бар Эрони Сосонӣ ғолиб баромада, дар созишномаи сулҳ сарҳадҳои байни ин давлатҳоро муқаррар карда буданд. Кӯшиши Сосониён барои васеъ кардани ҳудудҳои давлати худ маънии вайрон кардани шартҳои ҳамин созишномаро дошт. Аз маъхази зерин шумо мебинед, ки шоҳи Сосониён бо ҳиллаю найранг чӣ тавр аҳдшиканӣ кардааст: «Пирӯз бо лашкари худ то таги ҳамон бурҷе расид, ки Баҳроми Гӯр сохта буд… Пирӯз илоҷе ёфта, ваъдахилоф набудани худро нишон доданӣ шудааст (гап аз он ваъдае меравад, ки Пирӯз ба подшоҳи Ҳайтолиён Хушнавоз дода буд ва мувофиқи он бояд аз сарҳади Ҳайтолиён намегузашт). Маълум, ки сарҳади Ҳайтолиён ҳамон бурҷ буд ва инак, Пирӯз ба таги он бурҷ расиду фармуд, ки 50 фил ва 300 паҳлавонро бар он банданд ва филону паҳлавонон бурҷро пеш мекашиданду Пирӯз аз паси онҳо меомад ва бо ҳамин ҳилла ваъдаро, ки ба Хушнавоз дода буд, гӯё вайрон намекард. Дар ин муҳорибаи зидди Ҳайтолиён Пирӯз ва бисёре аз лашкари вай ба ҳандакҳое, ки махсус дар сари роҳ канда шуда, рӯи онҳоро пӯшонда, ноаён карда буданд, афтиданду кушта шуданд».

Дар ин ҷанг ҳам шоҳи Эрон аз артиши давлати Ҳайтолиён сахт шикаст хӯрдааст, дар назди шоҳи Ҳайтолиён Шаҳнавоз ӯхдадор шуд, ки дигар ба ҳудуди давлати ӯ қадам намегузорад. Барои эътимод Пирӯз вориси тоҷу тахти шоҳии Сосониён — писари худро дар назди шохи Ҳайтолиён гаравгон гузошта, маблағи калон товони ҷанг низ дод. Вале Пирӯз ба ваъдаи худ вафо накарда, баъди чанде бар зидди Ҳайтолиён аз нав ҳамла кард, ки он ҳам ба шоҳи Сосониён ғолибият наовард. Баъди ин Пирӯз бори дигар бар зидди давлати Ҳайтолиён лашкар кашид. Лекин лашкарҳои Сосониён ва худи Пирӯз аз нав ба доми Ҳайтолиён афтиданд. Ин дафъа Ҳайтолиён усули ҷанги мудофиавии худро каме тағйир дода, дар пеши роҳи лашкарҳои Сосониён чоҳҳои зиёде кофта, рӯи онҳоро бо хасу шохаҳо пӯшонида ноаён карданд. Дар натиҷаи ҳуҷуми саросемавори Сосониён аксари лашкари онҳо, аз он ҷумла, худи Пирӯз ҳам ба ин «чоҳҳои гургқапӣ» афтиданд.

Васеъшавии Давлати Ҳайтолиён

вироиш

Дар охирҳои асри V ва оғози асри VI давлати Ҳайтолиён боз ҳам васеътар шуд. Ҳайтолиён Қандаҳор, Урумчӣ, Қошгар ва Хутанро низ забт карданд. Баъди забти Ҳиндустони Шимолӣ ҳудуди давлати Ҳайтолиён аз империяи Кушониёни Бузург ҳам калонтар шуд. Дар асри VI ба давлати Ҳайтолиён лозим омад, ки худро аз ҳамлаҳои истилогарони лашкари ду давлат — Хоқонии Турк ва Давлати Сосониён муҳофизат кунад.

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи