Ховар Муродов (15 марти 1991, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.

Ховар Муродов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 15 март 1991(1991-03-15) (33 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Гурӯҳ Оркестри эстрадии «Гулшан»

Зиндагинома

вироиш

Ховар Муродов 15 марти соли 1991 шаҳри Душанбе дар хонаводаи ҳунарманд Салоҳиддин Муродов ба дунё омадаааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 52-и шаҳри Душанберо хатм карда, соли 2008 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори суруд ва мусиқӣ дар соли 2013 хатм кардааст.

Аз соли аз соли 2014 узви Оркестри эстрадии «Гулшан» мебошад[1].

Соли 2014 «Беҳтарин сароянда дар байни ҷавонон» гардидааст.

Таронашиносӣ

вироиш

Ховар Муродов муаллифи даҳҳо суруд ва 2 албом мебошад.

Феҳристи сурудҳои албоми «Ман хиёнаткор нестам» (2015)
Ном Оҳанг Матни тарона
01 Файзи Истиқлол Абдулло Хаёлов Ш. Исматӣ
02 Модар Ховар Муродов Лоиқ Шералӣ
03 Бе ту хубам Роберт Мирзоян Шоираи Раҳимҷон
04 Азизи ман Абдулло Хаёлов А. Қодирӣ
05 Ишқам Ховар Муродов Томирис
06 Бевафо К. Барфиев Б. Бегиҷон
07 Соҳили ишқ И. Муҳиддинов Ҳасани Чила
08 Пари-парӣ афғонӣ Шоираи Раҳимҷон
09 Ман хиёнаткор нестам Даврони Раҳматзод Шоираи Раҳимҷон
10 Ҷони ман Юлдашев Суҳайл
11 Танҳоӣ Б. Бегиҷон мардумӣ
12 Лонаи дил А. Бердиев Камол Насрулло
13 Ёри ширин Ховар Муродов М. Шералӣ
14 Зиндагӣ К. Барфиев Айёмиддин Муродов
Феҳристи сурудҳои албоми «Баргард» (2016)
Ном Оҳанг Матни тарона
01 Овора Ховар Муродов Озарахш
02 Баргард Ховар Муродов Томирис
03 Духтари оҳангар мардумӣ Озарахш
04 Ту медонӣ Ховар Муродов Мирзо Турсунзода
05 Попурӣ «Таронаҳои халқӣ» мардумӣ Н. Ориф ва мардумӣ
06 Гумонам дард дорад У. Иброҳимзода Озарахш
07 Бас Ховар Муродов Лоиқ Шералӣ
08 Дарди ишқ Ховар Муродов Хайрандеш
09 Дилам гум мезанад Ховар Муродов Лоиқ Шералӣ
10 Бе ту Ховар Муродов Н. Ориф
11 Любовь моя Ш. Ашӯров
12 Модар Ховар Муродов А. Муродов
  1. Маҳинбону. Ховар Муродов, Дилкушо (16 июни 2016).