Холид Эрганч

ҳунарпешаи турк
(Тағйири масир аз Холид Эрганҷ)

Холид Эрганҷ (тур. Halit Ergenç); тав. 30 апрели 1970, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи театр, телевизион ва синамои турк.

Холид Эрганҷ
тур. Halit Ergenç
Ном ба ҳангоми таваллуд: Холид Эрганҷ
Таърихи таваллуд: 30 апрел 1970(1970-04-30) (54 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1996-то ҳол
Самт: театр
телевизион
синамо
IMDb: ID 1669979
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Холид Эрганҷ 30 апрели соли 1970 дар Истанбул, дар оилаи ҳунарпеша Саид Эрганҷ таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро соли 1989 дар литсейи Отатурк ба итмом расонидааст. Холид ба Донишгоҳи техникии Истанбул дохил шуда[1] пас аз соли аввали таҳсил, ӯ ба Донишгоҳи Мимар Синан гузаштааст, илова бар таҳсил, ба ҳайси оператор ва фурӯшанда кор кардааст. Чанд муддат ӯ вокалист ва раққос буд ва бо овозхон Аҷда Пеккан ҳамкорӣ мекард[2].

Фаъолият

вироиш

Соли 1996, Холид ба театри Дормен пазируфта шуд ва дар он ҷо аввалин нақши асосии худро дар намоишномаи "Подшоҳ ва ман" ба даст овард. Вай дар силсилафилми "Фариштаи сиёҳ" дар телевизион намоишномаи хубе нишон дод. Эрганҷ дар театр бозӣ карданро идома дод, ӯ дар намоишномаҳои аз қабили The Adventures of ZAK-Kate, Tatlı Charity,Beni Seviyor,Kral ve Ben, Amphitrion, Evita, Hayalet ve Ötekiler,Şarkılar Susarsa нақш офаридааст. Пас аз кор дар силсилафилми телевизионии Köşe Kapmaca ва Böyle mi Olacaktı, ӯ ба Ню-Йорк рафт ва дар намоишномаи "Adventures of Zach" нақш бозид.

Соли 2000, Эрганҷ дар филмҳои Hiç Yoktan Aşk and Ölümün El Yazısı, силсилафилми Dedem, Gofret ve Ben ва Zerda нақши асосиро гирифт, ки дар он ҷо шарики ӯ Эҷе Услу буд. Холид инчунин дар намоишномаҳои театрӣ, ба мисли Bugün Git Yarın Gel, Popcorn, Arapsaçı бозӣ кардааст. Соли 2004 ӯ дар силсилафилми "Aliye" бо Санам Челик ва Наҷот Ишлер нақш гирифт.

Соли 2005 Эрганҷ дар драмаи "Падар ва писар" -и коргардон Чаған Ирмак нақш офарид. Соли 2006, ӯ яке аз нақшҳои асосиро дар филми "Net 2.0" ба даст овард. Аз соли 2006 Эрганҷ дар силсилафилми "Ҳазору як шаб" дар нақши Онур Аксал нақш бозидааст. Дар ин давра, ӯ инчунин дар филмҳо нақшҳо бозидааст: Devrim Arabaları ва Acı Aşk. Эрганҷ инчунин дар филми Dersimiz Atatürk нақши Мустафо Камол Отатуркро бозидааст. Соли 2011, ӯ дар силсилафилми "Асри мухташам" нақш гирифт ва дар он нақши Султон Сулаймонро иҷро кард.

Холид як раққоси бомаҳорат низ мебошад. Вай дар барномаи рақси калонсолони Туркия ширкат варзид.

Вай изҳор дошт, ки аз ҳамкорӣ бо коргардон Закӣ Дамиркубуз ва Фарзон Озпетек лаззат мебарад, аммо ӯ кор карданро бо коргардонҳои ҷавон ва боистеъдод Раҳо Эрдем ва Чаған Ирмак тарҷеҳ медиҳад.

Соли 2020 силсилафилми "Вавилон" -и Улуч Байрактар ​​бо наъшофарии Холид ба намоиш баромад. Дар он ситораҳои синамои турк Бирҷа Акалай, Нур Фоттеҳоғлу, Масъуд Акуста, Озан Гювен ва Онур Сайлак низ нақш офаридаанд. Навор дар бораи марде нақл мекунад, ки ҳаёти худро байни ҳамсар ва маъшуқаи худ тақсим мекунад. Ӯ профессори иқтисодии донишгоҳи бонуфуз мебошад.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Холид бо ҳунарпеша Бергузар Корел соли 2009 издивоҷ кардааст, ки 9 феврали соли 2010 писараш Алӣ ва 8 марти соли 2020 писари дигараш Хон таваллуд шудаанд[3][4]. Бародари хурдиаш Мехмед Саид Эрганҷ, ки ба хотири номи падарашон номгузорӣ шудааст, низ ҳунарпеша аст.[5].

Филмнома

вироиш

Филмҳо

вироиш
Сол Номгӯй Нақш Notes Шарҳҳо 2000 Ölümün El Yazısı
2004 Okul
2005 The Net 2.0
Babam ve Oğlum Озкан
2006 Tramvay Назир
İlk Aşk
2008 Devrim Arabaları Муҳандис Уғур Нақши асосӣ
Akşamdan Kalma Меҳмед
2009 Acı Aşk
2010 Dersimiz: Atatürk Отатурк Нақши асосӣ
Misafir
Akşamdan Kalma 2 Меҳмед
2012 Akşamdan Kalma 3 Меҳмед
2016 Ali ve Nino Фатали Хон Хойский
2017 İstanbul Kırmızısı Орҳан Шоҳин Нақши асосӣ[6]
2020 Mesti Aşk Баҳа ал-Дин Валад]] Нақши дуюмдараҷа

Силсилафилмҳо

вироиш
Солҳо Номгӯй Нақшҳо Шарҳҳо
1996 Tatlı Kaçıklar
1996 Kara Melek
1997 Böyle mi Olacaktı
1998 Gurbetçiler
2000 Hiç Yoktan Aşk
2001 Dedem, Gofret ve Ben
2002 Kumsaldaki İzler
Zeybek Ateşi
Azad
Zerda Даврон
2003 Baba
Esir Şehrin İnsanları
2004 Aliye Синон Қарахон Нақши асосӣ
2006 Binbir Gece Онур Аксал Нақши асосӣ
2011–2014 Асри муҳташам Сулаймони I Нақши асосӣ
2016–2018 Vatanım Sensin Ҷевдет Нақши асосӣ
2020– Babil Ирфон Туна Сайгун Нақши асосӣ
2020 Rise of Empires: Ottoman Нақлкунанда 6 қичм
2020 Menajerimi Ara Худаш Нақши меҳмонӣ

Театр

вироиш
  • 2000 “Bugün Git Yarın Gel” / Ҳалдун Дормен
  • 1998 “Popcorn” / Ҳалдун Дормен
  • 1997 “Arapsaçı” / Ҳалдун Дормен
  • 1996 “Sevgilime Göz Kulak Ol” / Ҳалдун Дормен

Мукофот ва ҷоизаҳо

вироиш
Сол Мукофот Гурӯҳ Лоиҳа Натиҷа
2007 34.Altın Kelebek Ödülleri [7] Беҳтарин ҳунарпеша Binbir Gece Баранда
2009 Sadri Alışık Sinema ve Tiyatro Ödülleri Беҳтарин ҳунарпеша Devrim Arabaları Баранда
2014 41.Magnum Altın Kelebek Ödülleri Беҳтарин ҳунарпеша Muhteşem Yüzyıl Баранда
2017 5.Bilkent Tv Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи драма Vatanım Sensin Баранда
1.Müzikonair Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм Номзад
24.İTÜ EMÖS Başarı Ödülleri Ҳунарпешаи муваффақи силсилафилми сол Номзад
11.GSÜ EN Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи филм ва силсилафилм Баранда
4.Mersin Altın Palmiye Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи телевизион Номзад
6.Fashion Tv Moda Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи муваффақи мард Баранда

Нигаред низ

вироиш
  1. Turgut, Alper. Türkiye bir başarı öyküsüdür, Gerçek Gündem (10 ноябри 2008). Проверено 15 ноябри 2010.
  2. нусхаи бойгонӣ. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июли 2020.
  3. Bergüzar Korel ve Halit Ergenç evlendi. (8 августи 2009). Бойгонӣ шудааст 29 май 2010  сол. Проверено 15 ноябри 2010.
  4. Bergüzar Korel ikinci kez anne oldu... İşte bebeğin adı! (9 March 2020). Проверено 9 марти 2020.
  5. https://www.imdb.com/name/nm11417275/?ref_=nv_sr_srsg_0
  6. İstanbul Kırmızısı için dev kadro (Turkish), NTV, ntv.com.tr (25 May 2016). Проверено 4 марти 2017.
  7. 34. ALTIN KELEBEK ÖDÜLLERİ DÜN GECE SAHİPLERİNİ BULDU!.. PAZAR KEYFİ’NİN EN İYİ MAGAZİN PROGRAMI SEÇİLDİĞİ TÖRENDE KİM, HANGİ ÖDÜLÜ ALDI?. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2018.

Иқтибосҳо

вироиш