Ҳорст Кёлер

(Тағйири масир аз Хорст Кёлер)

Ҳорст Кёлер (олмонӣ: Horst Köhler; зод. 22 феврал 1943[1][2][3], Скербешув[d], Губернияи генералӣ[d]) — арбоби давлатӣ ва сиёсии олмонӣ. Ӯ аз оилаи олмониҳои бессарабӣ аст, ки дар соли 1940 ба қаламрави забтшудаи Лаҳистон аз ҷониби Олмон мекучанд.

Ҳорст Кёлер
олмонӣ: Horst Köhler
1 июли 2004 — 31 майи 2010
Нахуствазир Герҳард Шредер (1998-2005)
Ангела Меркел (аз 2005)
Пешгузашта Йоҳаннес Рау
Ҷонишин Кристиан Вулф
Таваллуд 22 феврал 1943(1943-02-22)[1][2][3] (81 сол)
Ҳамсар Eva Köhler[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат[4]
Эътиқод лютеранӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Касбнома

вироиш

Аз соли 1965 то 1969 Колер дар Донишгоҳи Тюбинген бо ихтисоси иқтисод ва сиёсатшиносӣ таҳсил кардааст. Аз соли 1969 то соли 1976 дар ин ҷо ассистенти Институти таҳлили амалии иқтисодӣ буд. Аз соли 1976 то соли 1981 Ҳорст Кёлер дар Вазорати федералии иқтисодиёт кор кардааст.

Соли 1982 Кёлер ба Вазорати федералии молия дохил шуд. Дар солҳои 1990—1993 ҳамчун котиби давлатии вазорат шерпаи канслер Ҳелмут Кол буд.

Аз соли 1993 то 1998 Кёлер Ассотсиатсияи кассаҳои амонатии Олмонро сарварӣ мекард ва дар давоми 2 соли оянда Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Лондонро ба уҳда дошт.

Директори СБП

вироиш

Кёлер аз 14 феврали 2000 то 4 марти 2004 дар вазифаи мудири Сандуқи байналмилалии пул кор кардааст. Вай мақсади худро дар он медид, ки кори фонд шаффофтар ва ба пешгирии зуҳуроти буҳронӣ бештар мутобиқ карда шавад. Вай ҳамкории ВМФ-ро бо Бонки Ҷаҳонӣ (он замон роҳбарии Ҷеймс Дэвид Вулфенсон) тақвият дод ва ислоҳоти бузургро дар ВМФ сарварӣ кард.

Президенти Олмон

вироиш

Президенти Олмон аз 1 июли соли 2004. 25 апрели 2004 ба ин вазифа интихоб шуда, 23 майи 2009 бори дуюм ба даври дуюм интихоб шуд.

Вай дар сиёсати дохилӣ, пеш аз ҳама, ҳалли масъалаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ, нигоҳ доштан ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор, такмили системаи маориф ва ҷустуҷӯи равишҳои нав ба дигаргуниҳои демографии мамлакатро мақсад гузошт. Ба фикри ӯ, дар ҷамъияте, ки барои ҳама имкониятҳои баробар фароҳам оварда шудааст, барои барқарор намудани алоқаи гузашта ва оянда имконияти реалӣ мавҷуд аст.

Дар сиёсати хориҷӣ ӯ ҷанбаҳои башардӯстонаи ҷаҳонишавиро ҳимоя карда, маъракаҳои зидди камбизоатӣ ва дастгирии қитъаи Африқоро фаъолона дастгирӣ мекард.[5]

Аз соли 1981 узви Иттифоқи Христиан-Демократӣ (дар давраи президентӣ узвият боздошта шуда буд).

31 майи соли 2010 истеъфо дод. Истеъфо бо изҳороти баҳсбарангези президент дар бораи қобили қабул будани истифодаи бундесвер барои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Олмон ба вуҷуд омадааст[6]. Ба ҷои ӯ раисиҷумҳури Олмон Кристиан Вулф шуд.