Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир”

Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” — дар ноҳияи Фархор воқеъ аст.

Таърихи хоҷагии деҳқонӣ

вироиш

Дар Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир”, ки дорои 160 гектар буда, 80 саҳмдор дорад, дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш ёфта, сабзавоту зироатҳои гуногун кишт карда мешавад. Ба хотири таъмини бозорҳои ноҳия ва дигар истеъмолкунандагон бо маводи тару тоза ва босифати кишоварзӣ, инчунин ҷиҳати содироти маҳсулот дар 50 гектар парвариши дарахтони зардолу, 4 гектар анор, 3 гектар бодом, 7 гектар олу, 6 гектар пиёз ва дар 8 гектар каду ба роҳ монда шудааст. Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” серсоҳа буда, дар он ҳамчунин дар майдони 48 гектар пахта ва дар масоҳати 32 гектар замин шолӣ кишт карда шудааст. Бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва заминҳои корам, инчунин таҷрибаи бойи заминдорӣ хоҷагидорон дар майдони 1 гектар помидор ва дар 1 гектар зироатҳои дигарро кишт карда, дар масоҳати умумии 0,2 гектар гармхона бунёд кардаанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. www.president.tj. Боздид аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир”-и ноҳияи Фархор(тоҷ.) (19 октябри 2023). 10 ноябри 2024 санҷида шуд.