Хоҷӯи Кирмонӣ

(Тағйири масир аз Хоҷуи Кирмонӣ)

Камолуддин Абулъато Маҳмуд ибни Алӣ ибни Маҳмуд (форсӣ: کمال‌الدین ابوالعطاء محمودبن علی‌بن محمود‎) маъруф ба Хоҷуи Кирмонӣ (форсӣ: خواجوی کرمانی‎, 1280, Кирмон — 1352, Шероз) — шоир, нависанда ва орифи форс-тоҷик.

Хоҷуи Кирмонӣ
форсӣ: خواجوی کرمانی
Пайкараи Хоҷуи Кирмонӣ дар шаҳри Шерози Эрон
Пайкараи Хоҷуи Кирмонӣ дар шаҳри Шерози Эрон
Ном ба ҳангоми таваллуд: форсӣ: کمال‌الدین ابوالعطاء محمودبن علی‌بن محمود
Таърихи таваллуд: 1280, 1290[1] ё 1281[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1352[2] ё 1361[2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хоҷуи Кирмонӣ, ки ба нахлбанди шоирон низ шуҳрат дорад дар авохири садаи ҳафтуми ҳиҷрӣ дар Кирмон зода шуд. Замони таваллуди ӯро ба ихтилоф байни 769—789 ҳиҷрӣ сабт кардаанд ва дар даврони ҷавонии худ ҷудо аз касбу донишҳои маъмули рӯзгор мусофиратро низ пеша намудаву боздидҳое аз манотиқи Исфаҳон, Озарбойҷон, Шом, Рай, Ироқ ва Миср низ доштааст ва пас аз бозгашт аз сафарҳои тулонӣ дар Шероз иқомат гузид. Ӯ лақабҳое монанди «Халлоқулмаъонӣ» ва «Маликулфузало» низ доштааст. Ӯ дар ниммаи садаи ҳаштум ҳиҷрӣ дар Шероз даргузашт ва дар тангуллоҳи Акбар ин шаҳри наздики Рукнобод ба хок супурда шуд.

Мероси адабӣ

вироиш

Аз Хоҷуи Кирмонӣ осори зиёде ба ҷой монда аст, ки мазомину муҳтавои онҳо умуман мутафовит мебошанд. Бештари н осор манзум ҳастанд. Девон шомили ғазал ,қасида, мусаммат, таркиббанд, тарҷеъбанд, рубоӣ, қитъа ва мустазод, ки бар руи ҳам ба ду бахш Саноеъулкамол ва Бадоеъулҷамол тақсим мешавад. Панҷ ииаснавӣ дар вазнҳои гуногун бо ин номҳо:

  1. Ҳумой ва Ҳумоюн
  2. Гулу Наврӯз
  3. Равзат-ул-анвор
  4. Камолнома
  5. Гавҳарнома

Намунаи осор

вироиш

Охир эй ёр фаромуш макун ёронро,
Дили саргашта ба даст ор ҷигархоронро.
Омро гар надиҳи бор ба хилватгаҳи хос,
З-остон аз чи куни дур парасторонро.
Васли Юсуф надиҳад даст ба сад ҷони азиз,
Ин чи савдои муҳол аст хардоронро.
Гар на ёри кунад анфоси равонбахши насим,
Хайр аз мақдами ёрон к диҳад ёронро.
Он, ки чун банда ба ҳар муй асире дорад,
Кай раҳоӣ диҳад аз банд гирифторонро.
Даст дар домани таслиму ризо бояд зад,
Агар аз пой дароранд гунаҳкоронро.
Рузи борон натавон бори сафар баст валек,
Пеши туфони сиришкам чи маҳал боронро.
Дастгоҳест пур аз нофа оҳуи татор,
Ҳалқаи сунбули мушкин ту атторонро.
Ҳоли Хоҷу зи сари ку харобот бипурс,
Ки наёби ба дари савмаа хамморонро.

Пайвандҳо

вироиш