Checkmate.jpg

Шоҳмот ва ё шатранҷ – бозии завқовари рӯимизӣ мебошад. Ин бозӣ яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ҳисобида мешавад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе варзиши фикрӣ байни ду бозингар талаққӣ мешавад (Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Теҳрон: Сухан, 1382. - С.643). Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат аносиреанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд.

Шоҳ, фарзин, фил, рух, асп ва пиёда.

Қоидаҳои бозӣВироиш

 
 
               
               
               
               
               
               
               
               
 
 
Ҷойгиршавии мӯҳраҳо дар тахта.

Таърихи пайдоишВироиш

Шоҳмот -таърихи 1400-сола дорад.Пайдоиши шоҳмотро таърихшиносон ба асри VI мелоди дар Ҳиндустон бо номи"Чатуранга" медонанд. Баъзе қоидаҳои шоҳмот дар замони Хусрави I пайдо шудааст.Замоне,ки лашкари сосонӣ ба давлатҳое,ки дар ҳамсоягии Ҳиндустон қарор доштанд лашкар мекашад дар ин вақт дар бозии шоҳмот тағиротҳо ба амал меояд. Насли минбаъдаи шоҳмот дар Арабистони Ҷанубӣ бо ном " Шатранҷ" дар Чин бошад "Сянси" дар Тайланд "Макрук" ва дар Япония бо ном "Сёги" машҳур мегардад. Шоҳмот дар асри IX-X аз дасти арабҳо ба дасти аврупоиён меафтад.Бозингарони аврупо ба шоҳмот қоидаҳои навро ворид карданд,ки он боиси пайдоиши бо ном "Шоҳмоти классики" гардид.Қоидаҳои ҳозираи шоҳмот аз асри XIX инҷониб мавриди истифода қарор дорад. Соли 1886 мусобиқаҳои шоҳмот шурўъ гардида,аз соли 1924 Федератсияи байналмиллалии шоҳмот мусобиқаҳои гуногунро доир ба шоҳмот гузаронида истодааст.

Тахта ва ҷойгиршавии мӯҳраҳоВироиш

Бозӣ дар рӯи тахтае, ки андозааш — 8х8 катак аст, мегузарад. Катакҳо бо аз чап ба рост бо ҳарфҳои лотинӣ аз a то h ва аз поён ба боло бо рақамҳои аз 1 то 8 рақамгузор карда шудаанд. Ҳар як катак ишораи мувофиқи худро дорост, масалан, c4. Катакҳо бо рангҳои сафед ва сиёҳ ранг карда шудаанд, катаки а8 — сафед мебошад.

Ду бозингар бозӣ мекунанд, ки ҳар якеи онҳо мӯҳраҳои зерин доранд:

Якеи бозингарон бо мӯҳраҳои «сафед» ва дигаре бо мӯҳраҳои «сиёҳ» бозӣ мекунанд. Мӯҳраҳои «Сафед» ранги сафед ва мӯҳраҳои «сиёҳ» ранги сиёҳ доранд. Дар оғози бозӣ мӯҳраҳо дар ҷойҳои мувофиқ гузошта мешаванд. Дар сатри 1 ва 2 сафедон, 7 ва 8 сиёҳон ҷойгир шудаанд. Тартиби ҷойгиршавии мӯҳраҳо дар сатрҳои 1 ва 8 (аз a то h): тӯра, асп, фил, фарзин, шоҳ, фил, асп, тӯра мебошад. Сатрҳои 2 ва 7-ро пиёдаҳо ишғол кардаанд.

РокировкаВироиш

 
 
               
               
               
               
               
               
               
               
 
 
Ҷойгиршавии мӯҳраҳо дар тахта.

Рокиро́вка (фр. roque) — ҳаракат(ход) дар Шоҳмот буда,ҷойгиршавии шоҳро бо таври уфуқии самти тӯра дар бар мегирад дар ин ҳолат шоҳ метавонад ҷойи худро бо тӯра иваз кунад.Ҳарду тарафи муқобил дар шоҳмот метавонанд танҳо якбори Рокировкаро анҷом диҳанд.

Мақсади Рокировка дар он аст,ки он иҷозат медиҳад,то дар як ҳаракат шоҳ мавқеи худро иваз карда ба мавқеи хубтаре ҷойгир шавад ва самти амуди яке аз фигураҳои пурқувати шоҳмот - тӯраро як катак пеш аз худ  дар тахтаи шоҳмот гузорад.

НигаредВироиш