Эдуа́рд Никола́евич Успе́нский (22 декабри 1937, Егоревск, вилояти Маскав — 14 августи 2018, Пучково) — нависанда, драматург ва филмноманависи шӯравӣ ва рус, муаллифи китобҳои бачагона, муҷрии телевизион. Дар ин миён машҳуртарин персонажҳои эҷодкардаи ӯ — Тимсоҳ Гена ва Чебурашка, гурба Матроскин, Амаки Фёдор, хаткашон Печкин мебошанд[9].

Эдуард Успенский
русӣ: Эдуард Николаевич Успенский
Тахаллусҳо: Э. Дзюров
Таърихи таваллуд: 22 декабр 1937(1937-12-22)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 14 август 2018(2018-08-14)[4][5][6][…] (80 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: филмноманавис, шоир, таҳиякунандаи филм, нависанда, нависандаи кӯдакон, намоишноманавис, муҷрӣ, муҳандис, муҷрии телевизион
Солҳои эҷод: 19602018
Забони осор: русӣ[7][8]
Ҷоизаҳо:
Order "For Merit to the Fatherland", 4th class
Uspens.ru, Uspens.info
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома вироиш

Эдуард Успенский 22 декабри соли 1937 дар шаҳри Егоревски вилояти Маскав ба дунё омадааст. Падар — Успенский Николай Михайлович (1903—1947), корманди дастгоҳи КМ ҲКУ(б). Модар — Успенская Наталя Алексеевна (1907—1982), муҳандис-мошинсоз.[10]

Баъди хатми мактаб Эдуард Успенский донишҷӯи Донишкадаи авиатсионии Маскав мегардад. Солҳои таҳсил дар донишкада осори адабии ӯ дар матбуот ба нашр мерасанд.

Поёни умр ва даргузашт вироиш

Дар солҳои ахир аз бемории саратони шадид ранҷ мебурд, дар аввалҳои моҳи августи 2018 баъди дармон аз Олмон бозгашт. Успенский 14 августи 2018 дар хонаи худаш, дар деҳаи Пучково, тобеи ҳавзаи маъмурии Троисии Маскав аз олам даргузашт[11][12].

Эҷодиёт вироиш

Роҳи эҷодии Успенский дар якҷоягӣ бо А. Арконов дар жанрҳои ҳаҷвӣ оғоз гардидааст. Шеърҳои бачагонаи вай дар радио садо дода, дар рӯзномаи «Литературная газета» ба нашр мерасанд.

Соли 1966 Эдуард Успенский тавассути осори бачагонаи худ «Тимсоҳ Гена ва дӯстони ӯ», «Ба поён бо дарёи сеҳрнок» («Вниз по волшебной реке») машҳур гардид.

Соли 1970 вай песаҳои машҳури худ «Чебурашка ва дӯстони ӯ», «Рухсатии тимсоҳ Гена», «Мероси Бараҳман» ва ғайраҳоро менависад. Ҳамаи кӯдакон новобаста ба синну солашон қаҳрамонҳои офаридаи ӯро дӯст медоранд.

Ибтидои солҳои 1980—1990 муаллиф маҷмӯаи шеърҳои «Ҳама дар ҷояш» ва силсилаи китобҳо барои бачагон: «Амаки Фёдор, саг ва гурба», «Таътил дар Простаквашино», «Хонаводаи ранг ранг», «Кулчача аз пайи чиз меравад» нашр намуд. Инчунин Эдуард Успенский филмноманависи филмҳои тасвирии то имрӯз машҳури «Тимсоҳ Гена ва Чебурашка» ба шумор меравад.

Эдуард Успенский яке аз офарандагои намоишҳои машҳури «Хоби хуш, хурдтаракон!», «АБВГДейка», «Радиомомо», инчунин барномаҳо бо ашъори муаллифии «Киштиҳо ба бандари мо даромаданд» мебошад, ки дар соли 2000 ба ҷоизаи ТЭФИ сазовор гашт.

Осор вироиш

Асарҳои Успенский ба 25 забон нашр шуда, дар Ҳоланд, Фаронса, Ҷопон, Финландия ва ИМА маълуму машҳур мебошанд. Машҳуртарин китобу асарҳои Успенский инҳоанд:

  • «Амаки Фёдор, саг ва муш»
  • «Холаи амаки Фёдор»
  • «Зимистони Простоквашино» (1997)
  • «Тартиботи нав дар Простоквашино» (1997)
  • «Амаки Фёдор ба мактаб меравад»
  • «Хазина аз деҳаи Простоквашино» (2004)
  • «Идҳо дар деҳаи Простоквашино» (2001)
  • «Тимсоҳ Гена ва дӯстони ӯ»
  • «Рухсатии тимсоҳ Гена»
  • «Тиҷорати тимсоҳ Гена»
  • «Чебурашка ба назди мардум меравад»
  • «Тимсоҳ Гена ва роҳзанҳо»
  • «Рабудани Чебурашка»
  • «Тафтишотро Кулчачахо мебаранд»

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш