Элчин Сангу

ҳунарпешаи турк

Элчин Сангу (тур. Elçin Sangu, тав. 13 августи 1985[1][2][3][4], Измир, вилояти Измир, Туркия[5]) — ҳунарпешаи синамо ва телевизиони турк.

Элчин Сангу
тур. Elçin Sangu
Ном ба ҳангоми таваллуд: Elçin Sangu
Таърихи таваллуд: 13 август 1985(1985-08-13) (39 сол)
Зодгоҳ: Измир, вилояти Измир, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша, мудел
Корнома: 2011 – то ҳол
Самт: синамо, телевизион
IMDb: ID 5724370
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Элчин Сангу 13 августи соли 1985 дар шаҳри Измири Туркия таваллуд шудааст. Падараш вақте ки ӯ дусола буд, онҳоро тарк кард. Маҳз ба туфайли генҳои падараш, ки миллаташ черкес буд, аз хурдсолӣ ҳунарпеша аз одамони атроф бо намуди ғайримуқаррарии худ фарқ мекард. Элчин мӯи сурхи дурахшон дошта сафедпӯст мебошад.

Дафъаи дуввум Муяссар (номи модараш) издивоҷ накард, оромии Элчинро аз хушбахтияш авлотар донист, ки ба пайдоиши хостгорони нав дар ҳаёти модараш ҳасад мебурд. Ӯ дар иҳотаи мардуме ба воя расидааст, ки ҳам дар кӯдакӣ ва ҳам дар наврасӣ ӯро дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекарданд. Маълум аст, ки модари ҳунарпеша дар духтараш меҳри опера, бибияш театр ва холааш ба рақсро дар ӯ бедор карданд.

Пас аз хатми мактаб, ӯ ба консерваторияи Донишгоҳи Мерсин дохил шуд. Дар он ҷо, хонуми ҷавон аввал худро дар опера санҷидааст. Сангу соли 2006 барои таҳсил дар Донишгоҳи Эдетепа роҳхат гирифт. Пас аз хатм дар соҳаи санъати тасвирӣ, барои кор ба Истанбул кӯчид. Дар онҷо дар намоишҳои театрӣ ширкат варзид ва италиявию англисиро омӯхт.

Фаъолияти ҳунарӣ

вироиш

Аввалин кӯшиши ӯ дар телевизион ноком шуд. Сангу барои нақши силсилафилми телевизионӣ дар Измир дар кастинг иштирок намуд аммо ӯро рад карданд.

Соли 2010, ҳунарпеша дебюти аввалини худро дар силсилафилми "Зани бечора" иҷро намуд. Элчин Сангу нақши манфии Жалеро бозидааст. Ситора хотиррасон кард, ки вай аз ҳар ҷиҳат ба нақш мувофиқ буд: ба продюссерҳо шахсе лозим буд ки мӯйсурх ва донандаи забони итолиёӣ бошад. Бозии дебютии ӯ миёни тамошобинон муваффақ гардид, ки ин оғози фаъолияти ӯ дар телевизион гардид. Баъди ин ба Элчин пешниҳодҳо пайи ҳам меомаданд. Соли 2013 ҳунарпеша дар силсилфилми "Aşk Kaç Beden Giyer?" ҳамчун Наҳр ва соли 2014 дар "Bir Aşk Hikayesi" нақши Эдаро офарид. Худи ҳамон сол соли 2014, дар мелодраммаи "Kurt Seyit ve Şura" нақш бозидааст. Манзараи таърихӣ ва бадеӣ дар давраи пеш аз инқилоби Русия ва Имперотурии Усмонӣ сурат мегирад. Элчин нақши Гузидеро мебозад, ки ба Курт Саид - лейтенанти дуюми артиши подшоҳӣ Ҷалил Комилов ошиқ аст.

Соли 2015, ӯ нақши асосиро дар силсилафилми "Sevdam Alabora" ("Ишқи ман, Алабора") бозид. Қаҳрамони ӯ Зайнаб духтарест аз оилаи мӯҳтарамест, ки аз қафаси хонагӣ ба хотири ишқ ба озодӣ фирор мекунад.

Маъруфтарин лоиҳаи телевизионӣ бо иштироки Элчин силсилафилми "Kiralık Aşk" буд, ки солҳои 2015-2016 дар Туркия ва хориҷи он намоиш дода шуд. Элчин нақши асосӣ - пешхидмат Дафнаро бозидааст, ки бояд хоҳар ва бародари хурдакаки худро нигоҳубин кунад. Мулоқоти тасодуфии ӯ бо Умар (Бариш Ардуч), тарроҳи машҳур ва марди бо сарнавишти ноодӣ, оғози достони драмавӣ ва муносибати қаҳрамонони табақаҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

Элчин муваффақияти қаҳрамонии худро бо он шарҳ медиҳад, ки Дафна бо хушҳолии худ ба ӯ монанд аст. Наздиконаш гуфтанд, ки дар ин расм Элчин худашро нақш мебозад.

Солҳои 2015—2018 ҳунарпеша барои нақш дар филми "Kiralık Aşk" бо чанд ҷоизаи туркӣ ва хориҷӣ ҳамчун беҳтарин ҳунарпешаи телевизион қадрдонӣ шудааст.

Элчин ва Бариш ҷуфти дӯстдоштаи телевизионӣ гаштанд. Соли 2015, онҳо ҷоизаи "Шапараки тилоӣ" барои беҳтарин ҷуфти телевизиониро гирифтанд. Пас аз ин силсилафилм Сангу ва Ардуч дар филми "Mutluluk zamani" (2017) якҷоя нақш бозиданд.

Қаҳрамонони мазҳакаи румонтикии Ада ва Мерт шахсиятҳои муваффақро эҷод карданд. Аммо вақте ки зиндагӣ бо ду аломат бархӯрд мекунад, системаи муқарраршудаи принсипҳои ҳаётии ҳарду барбод меравад.

Аввали соли 2018 дар Интернет маълумот пайдо шуд, ки ситораи турк бо шабакаи телевизионии Туркия Kanal D шартномаи истисноӣ бастааст.

Соли 2017 дар лоиҳаи "Yaşamayanlar" ҳунарнамоӣ намудааст. Элчин нақши Мия, вампирро боз мекунад, ки мехоҳад дубора инсон шавад ва бо вампири дигар - Дмитрий рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин филм Карам Бурсин, Биркан Сокуллу, Салмо Эргеч низ иштирок намудаанд.

Соли 2018 ӯ бо Киванч Татлитуғ, Мелиса Асли Памук, Алперен Дуймаз ва Онур Сайлак дар силсилафилми Ay Yapim "Çarpışma", нақши Зайнаб Тунчро бозидааст.

Элчин соли 2020 дар силсилафилми "İyi Günde Kötü Günde", нақши асосӣ Лайлоро бозидааст, ки силсилафилм дар шабакаи Star TV пахш шудааст. Мавзуи силсилафилм чунин аст: Лайло (Элчин Сангу) рӯзи издивоҷ бо марди дӯстдоштааш домод (Маҳмад Озан Долунай) ӯро тарк мекунад. Ба болои ин, Лайло инчунин бояд тӯйи арӯсии маҳбуби худ Сарпро бо Мелиса (Ёсамин Аллен) ташкил кунад.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Элчин бо Юнус Оздикен, ки дар як ширкати хусусӣ берун аз олами санъат ва вақтхушӣ кор мекунад, муносибати дарозмуддат дорад[6][7][8].

Элчин бар асоси як қатор пурсишҳои мухталиф дуввумин ҳунарпешаи маъруфи Туркия дар соли 2016 интихоб шуд[9]. Аз моҳи сентябри соли 2016, ӯ даҳумин машҳуртарин истифодабарандагони Instagram дар Туркия мебошад[10].

Филмнома

вироиш
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2017 Mutluluk Zamanı Ада
2020 9 Kere Leyla Наргис

Силсилафилм

вироиш
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2011 Öyle Bir Geçer Zaman ki Жале
2012–2013 Aşk Kaç Beden Giyer Наҳр
2013–2014 Bir Aşk Hikâyesi Эда
2014 Kurt Seyit ve Şura Гузида
2015 Sevdam Alabora Зайнаб Нақши асосӣ, 4 қисм
2015–2017 Kiralık Aşk Дафна Топал Нақши асосӣ, 69 қисм
2018 Yaşamayanlar Мия Нақши асосӣ, 8 қисм[11]
2018–2019 Çarpışma Зайнаб Тунч Нақши асосӣ
2020 İyi Günde Kötü Günde Лайло Эртекин Нақши асосӣ

Музик видеоҳо

вироиш
Сол Овозхон Номгӯй
2014 Тойгар Ишиклӣ "Söz Olur"
2017 Элчин Сангу ва Бариш Ардуч "Bu Su Hiç Durmaz"

Ҷоиза ва ҷоизаҳо

вироиш
Сол Ҷоиза Гурӯҳ Кор Натиҷа
2015 1. Cypaparazzi Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи дебютӣ Kiralık Aşk Баранда[12]
4. Kristal Fare Ödülleri Беҳтарин ҳунарпеша Номзад[13]
42. Altın Kelebek Ödülleri Беҳтарин ҷуфт (Дафна - Умар) Баранда[14]
6. İTÜ İşletme Mühendisliği Sosyal Medya Ödülleri Ҳунарпешазани иҷтимоӣ - Силсилафилм Баранда[15][16]
2016 14. YTÜ Yılın Yıldızları Ödülleri Ҳунарпешазани дӯстдоштаи силсилафилм Баранда[17]
2. Elele Avon Kadın Ödülleri Ҳунарпешаи сол Номзад[18]
23. İTÜ EMÖS Başarı Ödülleri Ҳунарпешаи муваффақтарини силсилафилми сол Номзад[19][20]
2. Türkiye Gençlik Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм Номзад[21][22]
7. KTÜ Medya Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазани дӯстдошта Номзад
Yeditepe Üniversitesi 4. Dilek Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазан Баранда [23]
11. Makinistanbul Medya, Sanat ve Spor Ödülleri Беҳтарин ҷуфт (Дафна-Умар) Баранда
Ege Üniversitesi 5. Medya Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазани силсилафилм Баранда
3. Mersin Altın Palmiye Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазани силсилафилми сол Баранда
Radyo Televizyon Gazetecileri Derneği Medya Oscarları Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазан Баранда[24][25]
YBU 1. Medya Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазани силсилафилм Баранда
10. GSÜ EN Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазани синамо ва телевизион Баранда
İstanbul Aydın Üniversitesi 12. İletişim Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешаи дебютии сол Баранда [26]
MGD 22. Altın Objektif Ödülleri Беҳтарин румонтик & Беҳтарин ҳунарпешазани мазҳакавии силсилафилм Баранда[27]
Televizyondizisi.com 2016 Беҳтарин ҳунарпешазани сол Баранда[28]
Беҳтарин ҷуфти идеалии силсилафилм (Дафна-Умар) Баранда[29][30]
43. Pantene Altın Kelebek Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазани мазҳакавии силсилафилм Баранда[31]
Беҳтарин ҷуфти силсилафилм (Дафна-Умар)}} Номзад[32]
7. İMK Sosyal Medya Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазан Номзад
2017 11. GSÜ EN Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазани силсилафилм ва филм Номзад
1. Türkiye Çocuk Ödülleri Беҳтарин ҳунарпешазани силсилафилм Баранда

Нигаред низ

вироиш
  1. Elçin Sangu. Yaklasmakta olan bir hatayi duzeltmek isterim ; dogum günüm 11 Temmuz degil 13 agustos:)(тур.). Twitter (2 июли 2015). 11 марти 2016 санҷида шуд.
  2. Gizem Merve Kaboğlu. Elçin Sangu: Hayatı Bir Çirkin Ördek Yavrusu Masalı(тур.). Milliyet. gizemkaboglu.com (12 феврали 2015). 11 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 июни 2015.
  3. Kiralık Aşk'ın Defne'sinden şaşırtan itiraf(тур.). mynet magazin (1 июли 2015). 11 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июли 2015.
  4. Elçin Sangu: "İhanete uğramak kabusum"(тур.). haberturk.com (22 июни 2015). 11 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 октябри 2015.
  5. Kiralık Aşk'ın Defne'si: Sevgilimin zekasına hayranım(тур.). Hürriyet Kelebek (2 сентябри 2015). 11 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2015.
  6. Aytekin Teker. İşte Elçin Sangu'nun sevgilisi (3 September 2015). Проверено 4 феврали 2018.
  7. Elçin Sangu'nun sevgilisi Yunus Özdiken öpüşme sahnesine uyuz oldu (14 November 2017). Проверено 4 феврали 2018.
  8. Elçin Sangu'nun sevgilisinden Barış Arduç'a şok gönderme! (15 November 2017). Проверено 4 феврали 2018.
  9. Erçel'i Elçin Sangu Takip Etti (19 January 2017). Проверено 24 Январ 2017.
  10. Instagram'da En Fazla Takipçisi Olan 21 Türk Ünlü (28 September 2016). Проверено 23 Январ 2017.
  11. https://www.sozcu.com.tr/hayatim/magazin-haberleri/selma-ergec-yasamayanlarla-ilgili-konustu/
  12. нусхаи бойгонӣ. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  13. http://www.ranini.tv/ozel/9169/1/4-kristal-fare-odulleri-icin-adaylar-aciklandi
  14. http://www.hurriyet.com.tr/42-pantene-altin-kelebek-odulleri-sahiplerini-buldu-40020163
  15. https://twitter.com/SMOdulleri/status/673206932044386306
  16. https://web.archive.org/web/20160214140444/https://twitter.com/SMOdulleri/status/673206932044386306
  17. https://twitter.com/yilinyildizlari/status/684826607748530178
  18. http://www.elele.com.tr/plus/yasam/veee-kazananlar
  19. нусхаи бойгонӣ. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 феврали 2016.
  20. https://web.archive.org/web/20160211153413/http://basariodulleri.com/oy-ver
  21. нусхаи бойгонӣ. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврали 2016.
  22. https://web.archive.org/web/20160219152603/http://turkiyegenclikodulleri.com/index.php
  23. http://mobile.twitter.com/kiralikaskdizi/status/707900146550509568
  24. http://www.ahaber.com.tr/gundem/2016/04/13/medya-oscarlari-odullerini-buldu-en-iyi-haber-programi-yaz-boz-oldu
  25. https://web.archive.org/web/20160417113434/http://www.ahaber.com.tr/gundem/2016/04/13/medya-oscarlari-odullerini-buldu-en-iyi-haber-programi-yaz-boz-oldu
  26. https://mobile.twitter.com/IAUKampus/status/727485857880506369
  27. http://www.magazingo.com/aktuelaltin-objektif-odulleri-sahiplerini-buldu(пайванди дастнорас)
  28. нусхаи бойгонӣ. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 марти 2018.
  29. нусхаи бойгонӣ. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.
  30. https://web.archive.org/web/20160423032830/http://www.televizyondizisi.com/anket-ekranin-ideal-ciftini-seciyoruz-2016/286006/35
  31. http://www.hurriyet.com.tr/43-pantene-altin-kelebek-odulleri-sahiplerini-buldu-40276830
  32. https://mobile.twitter.com/startv/status/771373478821830656?p=p

Пайвандҳо

вироиш