Карам Бурсин

ҳунарпешаи турк

Карам Бурсин (тур. Kerem Bürsin); тав. 4 июни 1987, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони Туркия.

Карам Бурсин
тур. Kerem Bürsin
Ном ба ҳангоми таваллуд: Kerem Bürsin
Таърихи таваллуд: 4 июн 1987(1987-06-04) (36 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2006-то ҳол
Самт: театр
телевизион
синамо
IMDb: ID 2792064
kerem-bursin.com

Зиндагинома вироиш

Карам 4 июни соли 1987 дар Истанбул таваллуд шудааст. Модараш Чигдем хонашин ва падараш Иброҳим Помир соҳибкорест, ки як ширкати байналмилалиро роҳбарӣ мекунад. Ба ғайр аз ӯ, дар оила як духтар Мелис, бузургтар аз Карим низ мебошад.

Даврони кӯдакии ӯ дар сайёҳат гузаштааст. Аввалин сафараш ҳангоми яксола будани ӯ ба вуқӯъ пайвастааст. Бинобар мансаби волидайн онҳо аз Истанбул ба Шотландия рафтанд, вале дар он ҷо зиёд намонданд. Сафари навбатии онҳо ба Индонезия буд, ки дар он ҷо то 5-солагии Карам зиндагӣ карданд. Онҳо инчунин дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Малайзия ва Туркия низ зиндагӣ намудаанд[1][2]. Аммо ин ба тарбияи фарзандон дар оила зарар нарасонд. Ҳунарпеша иқрор шуд, ки сафар ба ӯ дар ташаккули хислаташ кумак кардааст. Вақте Карам 10-сола шуд, падару модараш кишваргардиро анҷом дода, дар иёлоти Техаси Амрико қарор гирифтанд[3]. Аз ҳамон лаҳза, кашфи эҷодии ҷавон оғоз ёфт. Дар синни наврасӣ, ӯ дар бораи синамо фикр мекард.

Пас аз хатми мактаби миёна, ӯ ба коллеҷи Эмерсони Бостон ба шуъбаи актёрӣ дохил шуд. Аммо, падар мехост, ки писараш худро дар тиҷорат санҷад.

Барои наранҷондани волидайн, Карам ба донишгоҳи Лос Анҷелес дохил шуд. Аммо омӯзиш душвор буд ва фикрҳои ҳунару санъат ӯро ором намегузоштанд.

Фаъолият вироиш

Карам қаблан дар филмҳои амрикоӣ, аз ҷумла Sharktopus соли 2010 бо ҳунарпешаҳои машҳур Эрик Робертс ва Сара Малакул Лейн ҳунарнамоӣ намудааст[4]. 9 сентябри соли 2013, ӯ дар таблиғи Line баромад намуд[4]. Бурсин бо нақши "Карам Сайер" дар силсилафилми Kanal D Güneşi Beklerken, шинохта шуд ва дар қисмати охирини силсилафилм нақши дугоники қаҳрамонашро бо номи "Гунеш Сайер" тасвир кардааст. Дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Эмре Кинай, Ханда Доғандамир, Ягмур Танрисевсин ва дигарон низ ҳунарнамоӣ намудаанд[5]. Дар филми Чаған Ирмак Unutursam Fısılda, соли 2014 нақши мусиқинавоз бо номи Эрҳанро бозидааст[6]. Соли 2016 ӯ дар якҷоягӣ бо дӯстдухтари собиқаш Серенай Сарикая дар бренди Mavi Jeans рӯи навор баромадааст[7][8]. Карам синамоҳои Ҳолливуд ва Туркияро пайгирӣ мекунад ва дар амал ҳам забони англисӣ ва ҳам туркиро истифода мекунад[3][9]. Ӯ инчунин барандаи ҷоизаи беҳтарин ҳунарпеша дар Сеул гардидааст[10].

Карам дар силсилафилми "Дари хонаамро бикӯб" (Sen Çal Kapımı) бо ҳамроҳии Ханда Эрчел нақшҳои асосӣ "Серкан Болат" ва "Эда Йилдиз"-ро иҷро намудаанд. Силсилафилмро MF Yapim таҳия кардааст, ки коргардон Юсуф Пирҳасан, Эндер Михлар, Алтан Донмез ва филмномааш аз тарафи Оиша Уннер Кутлу навишта шудааст. Он дар FOX 6 июли соли 2020 бо назардошти баррасиҳои мусбӣ ва рейтингҳои баландтар пешниҳод карда шуд[11].

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Ҳунарпеша Ягмур Танрисевсин ва Карам Бурсин тақрибан як сол мулоқот карданд.

Соли 2015, ӯ як сол чеҳраи таблиғи бренди Mavi гардид ва ҳунарпеша Серенай Сарикая шарики таблиғотии ӯ шуд. Дарҳол пас аз сабти навори аввал, Серенай ва Карам робитаро оғоз карданд. Охири соли 2019 онҳо расман аз ҳам ҷудо шуданд.

Филмнома вироиш

Синамо вироиш

Филмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2006 Thursday Граусс
2007 Strawberry Melancholy Травис Филми озод
2010 Wendigo Эндӣ
Sharktopus Эндӣ Флайн Филми ТВ
2013 Palace of the Damned Одам
2014 Unutursam Fısılda Эрҳан Нақши асосӣ
2018 İyi Oyun Фарҳод
2018 Can Feda Онур Кескин Нақши асосӣ
2020 Eflatun Афлотун Нақши асосӣ

Телевизион вироиш

Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2013−2014 Güneşi Beklerken Карим Сойер/Гунеш Сойер Нақши асосӣ
2014 Ulan İstanbul Йигит Килич Меҳмон
2014−2015 Şeref Meselesi Нақши асосӣ
2017 Bu Şehir Arkandan Gelecek Алӣ Смит Нақши асосӣ
2018 Yaşayamayanlar Дмитрий Нақши асосӣ
2018−2019 Muhteșem İkili Мустафо Карим Ҷон Нақши асосӣ
2020 Aynen Aynen Дениз Нақши асосӣ
2020− Дари хонаамро бикӯб Серкан Болат Нақши асосӣ

Филмҳои хурд вироиш

Филмҳои хурд
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2006 Rozar Man Макалестер
2007 The Architect Крейг Белмонт
2008 Killian Ленокс

Театр вироиш

Театр
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
Harold's Fall
Mariner
The Music Man
Fiddler on The Roof
All out

Таблиғ вироиш

Таблиғот
Сол Номгӯй Кишвар
- El Polo Loco ИМА
2013 Line Туркия
2014 Lipton Туркия
Turkcell Superonline Туркия
2015−2016 Mavi Туркия
2016−2017 Nike Туркия
2018-2019 Nescafe
Коргардон
  • Kiss of Death
Музиквидео
  • "Summer set-chelsea" (2009)
Барномаҳо
  • Büyük Risk (2014)

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Иқтибосҳо вироиш