Энрике Иглесиас (исп. Enrique Miguel Iglesias Preysler; тав. 8 майи 1975, Мадрид) — овозхон, муаллифи суруд, таҳиякунанда ва ҳунарпешаи испониёӣ.

Энрике Иглесиас
исп. Enrique Iglesias
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд исп. Enrique Miguel Iglesias Preysler
Таърихи таваллуд 8 май 1975(1975-05-08)[1][2][3] (49 сол)
Зодгоҳ
Солҳои фаъолият 1995 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон-таронапардоз, ҳунарпеша, manufacturer, мусиқидон, мудел, оҳангсоз, таҳиякунандаи мусиқӣ
Соз гитор, фортепиано ва electric guitar[d]
Сабк мусиқии поп, попи амрикоиву-лотини[d], ритм энд блюз[d] ва поп-рок[d]
Ношир(он) Universal Republic Records[d], Polydor Records[d], Interscope Records[d] ва Fonovisa Records[d]
Ҷоизаҳо
enriqueiglesias.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Энрике Иглесиас 8 майи соли 1975 дар шаҳри Мадриди Испания, дар оилаи овозхони сарватманд ва обрӯманди испанӣ ба дунё омадааст. Падараш овозхони машҳури Испания Хулио Иглесиас, модараш Исабел Прейслер — рузноманигори мувафақ аз Филиппин, апааш Мария Исабел ва бародараш Хулио Хосе мебошанд. Иглесиас бо тахаллуси «Энрике Мартинес» (испанӣ Enrique Martínez) фаолияти эҷодии худро оғоз кардааст. Ҳоло Энрике Иглесиас яке аз машҳуртарин овозхонҳои мусиқии Амрикои лотинӣ ба шумор меравад, ки дорои ҷоизаҳои зиёд, мисли «Грэмми» ва «American Music Awards» мебошад.

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Дар давоми фаолияти эҷодиаш Энрике зиёда аз 40 синглҳо ва 10 албомҳои студиявиро сабт кардааст, ки 116 маротиба дискҳои платинавӣ, 227 маротиба дискҳои тилоӣ гардидаанд ва фуруши умумии онҳо 100 млн пластинкаҳоро ташкил дод. Вай ҳоло дар Аврупо ва ИМА кору фаолият дорад.

 
Энрике Иглесиас ҳангоми консерт, соли 2007.
  1. GeneaStar
  2. Roglo — 1997.
  3. 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. Deutsche Nationalbibliothek Record #122999525 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.

Пайвандҳо

вироиш