Ғуломҳайдар Ғуломалиев

Ғуломҳайдар Ғуломалиев (6 сентябр 1904, ноҳияи Рӯшон, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон19 апрел 1961[1], Маскав) — хореограф, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР (1957).

Ғуломҳайдар Ғуломалиев
Таърихи таваллуд 6 сентябр 1904(1904-09-06)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 апрел 1961(1961-04-19)[1] (56 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) мусиқидон, оҳангсоз, балетмейстер, хореограф
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Ғуломҳайдар Ғуломалиев соли 1933 дар назди клуби ноҳияи Рушон дастаи ҳаваскорони санъатро ташкил намуд. Солҳои 1940-41 артисти Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон, баъд то охири умр роҳбари ҳамин ансамбл буд. Ғуломалиев ҳамчун хореограф ва оҳангсоз дар ривоҷу равнақи санъати миллии тоҷик ҳиссаи босазое гузошт. Беҳтарин оҳангҳои эҷодкардаи Ғуломалиев ба ашъори халқӣ ва шоирони тоҷик инҳоянд: «Нола кунам», «Салом аз Бадахшон», «Маҳбуба», «Ба-деҳа», «Баҳори Бадахшон», «Суруд дар васфи Москав» ва ғайра Ғуломалиев дар таълиму тарбияи ҳунарпешагони ҷавон хидмати арзанда кардааст.

Ансамбли бачагон, ки солҳои ҷанг дар Бадахшон ташкил карда буд, асоси Ансамбли тарона ва рақси Помир гардид. Гурминҷ Завқибеков, Нуқра Раҳматова, Савсан Бандишоева, Ғ. Худоёрбекова, С. Шоисмоилова ва чанд тани дигарон шогирдони ӯянд.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Гуломалиев Гуломхайдар // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.116. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)