Қудратулло Ҳикматов

Қудратулло Ҳикматовоҳангсоз (композитор), Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Озмуни байналмилалии мусиқии муосир дар Германия (1991). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2002). Собиқ Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2007–2016). Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1982).

Қудратулло Ҳикматов
Қудратулло Ҳикматов
Таърихи таваллуд 1955(1955)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳамадонӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) оҳангсоз, (композитор)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1955 дар ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Ҳамадонӣ) вилояти Хатлони Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1971 ба Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе дохил шуда, дар синфи Дамир Дӯстмуҳаммадов композитсияро меомӯзад. Тӯли солҳои таҳсил вай барои созҳои гуногун асарҳо эҷод намуда, аввалин таҷрибаҳои эҷодӣ – асарҳо барои оркестри симфонӣ ва оркестри созҳои миллиро пайдо мекунад. Соли 1975 Қ. Ҳикматов ба Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ дохил шуда, композитсияро аз профессор Б.Ф.Гиенко меомӯзад. Тӯли солҳои таҳсил Қ. Ҳикматов якчанд асарҳои гуногунжанр, аз ҷумла пйесаҳо барои скрипка, валторна ва фортепиано, квартети торӣ, романсҳо, прелюдия барои гобой ва фортепиано, сюита барои квартети торӣ, соната барои скрипка ва сурудҳо бар ашъори адибони тоҷик асарҳо барои оркестри симфонӣ («Достони эпикӣ», сюитаи балет ва ғайра), инчунин Консерт-достон барои скрипка бо оркестрро эҷод мекунад. Соли 1980 суруди Қ.Ҳикматов «Иди Ватан» ба шеъри С.Вализода сазовори ҷоизаи дуюми Озмуни умумииттифоқии композиторони ҷавон мегардад. Соли 1981 дар озмуни ҷумҳуриявии Вазорати маданияти ҶШС Ӯзбекистон Балладаи ӯ барои оркестри торӣ, арфа ва созҳои зарбӣ низ сазовори ҷоиза гардид. Пас аз хатми Консерваторияи Тошканд соли 1981 Қ.Ҳикматов ба ҳайси муаллим дар кафедраи композитсия, инструментовка ва хониши партитураи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор мекунад. Соли 1982 вай ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул карда мешавад. Ҳамон сол композитори ҷавон ба ассистентура-бозомӯзии Консерваторияи Тошканд ба синфи Т. Қурбонов дохил мегардад. Ҳамзамон ӯ ба ҳайси муаллим дар мактаб-интернати мусиқии ба номи Р.Глиэри Тошканд фаъолият менамояд. Пас аз хатми ассистентура, соли 1985 Қ. Ҳикматов барои идомаи фаъолият боз ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бармегардад. Ҳангоми таҳсил Қ.Ҳикматов вариатсияҳо барои оркестри торӣ (грампластинкаи ширкати «Мелодия», 1984), Квартет барои созҳои нафасии чӯбӣ, якчанд асарҳои нави камеравиро эҷод мекунад. Вай эҷоди асарҳои калонҳаҷмро идома дода, нисбати балет, симфония, консерт барои труба бо оркестр, виолончел бо оркестр ва ғайра кор мекунад. Ин солҳо композитор бо «Ӯзбекфилм» ҳамкориҳои зич пайдо мекунад. Ӯро ба навиштани мусиқӣ тез-тез даъват мекунанд. Қ. Ҳикматов барои филми «Гусели арӯс»-и киностудияи «Ӯзбекфилм» ва якчанд кинолентаҳои мустанад мусиқӣ эҷод мекунад. Дар консертҳои шаҳри Тошканд «Достони лирикӣ» барои оркестри созҳои халқӣ ва симфонияи №1-и ӯ иҷро карда мешаванд. Қ.Ҳикматов дар сатҳи байналмилалӣ ҳам обрӯю эътибор пайдо карда, ба ҳамоишҳои байналмилалии мусиқии муосир тез-тез даъват мешавад: Фестивали мусиқии камеравии Варшава (1980) бо асари «Рондо барои флейта ва фортепиано», Фестивали байналмилалии мусиқии муосири композиторони ҷавони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (Алма-Ато, 1989) бо «Вариатсияҳо» барои оркестри торӣ ва инчунин дар Тошканд, (1990) бо Симфонияи №1, Фестивали байналмилалии мусиқии муосир (Санкт-Петербург, 1990) бо Квартети тории ба ёдбуди Д.Д.Шостакович, Озмуни байналмилалии «Форуми композиторони муосир» (1991, Германия, шаҳри Кёлн) бо асарҳои «Чархи гардун» достон барои скрипка, алт ва зарбӣ ва Рондо барои флейта ва фортепиано, Фестивали байналмилалии мусиқии муосир (1991, Будапешт) бо Трио барои скрипка, алт ва зарбӣ, Озмуни байналмилалии созҳои зарбӣ дар Швейтсария (1996) бо «Экспромт барои созҳои зарбӣ», Фестивали байналмилалии мусиқии камеравӣ (2005, Стокголм) бо асари «Чархи гардун» барои флейта ва виолончел иштирок мекунад. То соли 1992 Қ.Ҳикматов дар кафедраи композитсия, инструментовка ва хониши партитураи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолият намудааст. Солҳои 90-ум ҳамчун мушовири мусиқии назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2001 ӯ сазовори унвони фахрии Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон мегардад. Аз соли 2004 то 2005 – сармуҳаррири мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2005 – роҳбари бадеии ансамбли «Дарё» назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2007 Қ. Ҳикматов Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид (2007–2016). Дар эҷодиёти мусиқии Қ.Ҳикматов муносибати ӯ бо муҳити атроф, проблемаҳое ки ӯро ба ҳаяҷон меоваранд, тавассути ҷустуҷӯҳои фаъолонаи эҷодии васоити таъсирбахш, синтези фолклори мардумӣ ва усулҳои муосири касбии композиторӣ таҷассум ёфтаанд. Сабки ӯ бо заминаи амиқи миллӣ, барҷастагӣ, таъсирбахшӣ, мавҷудияти техникаи муосири композиторӣ фарқ мекунад. Мусиқии Қ.Ҳикматов дар барномаҳои чорабиниҳои консертии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, барномаҳои телевизион ва радиои тоҷик, фестивалҳо, чорабиниҳои ҳукуматӣ, озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ мақоми арзанда пайдо кардаанд. Асарҳои ӯ дар сатҳи байналмилалӣ низ мунтазам садо медиҳанд. Ба эҷодиёти ӯ ҳамчун эҷоди муосири композиторӣ дар Шветсия, Германия, Полша, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина, Руминия, Булғория, Венгрия баҳои баланд додаанд. Ӯ дорандаи Ҷоизаи Озмуни байналмилалии «Форуми композиторони муосир» (1991) дар Германия аст. Дар роҳбарии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон новобаста ба ҳамаи мушкилоти кадрӣ пайваста дар ҷустуҷӯи ёфтани роҳҳои самаранок баҳри инкишофи мусиқии композиторӣ дар Тоҷикистон аст. Ба тарбияи кадрҳои нав таваҷҷӯхи махсус медиҳад. Ҳамасола консертҳои композиторони ҷавон – донишҷӯён ва мактаббачагонро гузаронда, стипендияи якмаҳаллаи Иттифоқро ба онҳо месупорад. Дар роҳбарии худ ӯ мекӯшад шаклҳои муосири роҳбариро ворид созад. Бинобар ин ҳамаро – композиторони ватанӣ ва имрӯз хориҷиро сарҷамъ намуда, ному эҷодиёти онҳоро аз сари нав дар Тоҷикистон тарғиб мекунад. Бо ин мақсад "Маълумотномаи Иттифоқи композиторон" ду бор паи ҳам ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ маҳз дар ҳамин солҳо (2010, 2011) аз чоп мебарояд; лектории мусиқишиносӣ аз сари нав (аз соли 2010) эҳъё мегардад; китобхонаи Иттифоқи композиторон ба тартиб дароварда мешавад; ҷои истироҳати эҷодӣ дар дараи хушманзараи Варзоб аз таъмири капиталӣ бароварда мешавад ва ғайра. Айни замон Қ.Ҳикматов дар авҷи камолот, саршори нерӯ ва нақшаҳои зиёди эҷодӣ мебошад.[1]

Асарҳои симфонӣ

вироиш
  • 1978 – Баллада барои оркестри торӣ ва созҳои зарбӣ. Дастнавис.
  • 1979 – Сонатина барои фортепиано. Дастнавис.
  • 1979 – Фугаи сеовоза барои оркестри калони симфонӣ. Дастнавис.
  • 1980 – Достони симфонии ёдбуди М.Турсунзода. Дастнавис.
  • 1981 – Сюитаи балет барои оркестр. Дастнавис.
  • 1983 – Вариатсияҳо барои оркестри торӣ. Дастнавис. Пластин-
  • каи ширкати «Мелодия». Тошканд, 1984.
  • 1984 – Симфонияи №1. Дастнавис.
  • 1986 – «Ҷавонии Тоҷикистон», увертюра барои оркестри
  • симфонӣ. Дастнавис.
  • 2004 – Симфония барои оркестри торӣ.

Асарҳои камеравӣ-созӣ

вироиш
  • 1979 – Квартети №1 барои ду скрипка, алт ва виолончел. Даст-
  • навис.
  • 1979 – Романс барои валторна ва фортепиано. Дастнавис.
  • 1980 – Сюита барои квартети торӣ. Дастнавис.
  • 1980 – Квартети №2 барои ду скрипка, алт ва виолончел. Даст-
  • навис.
  • 1981 – Соната барои скрипка соло. Дастнавис.
  • 1981 – Квартет №3. – М., «Сов. композитор», 1985.
  • 1983 – Квартет барои созҳои нафасии чӯбӣ. Дастнавис.
  • 2009 – Соната барои фортепиано. Дастнавис.
  • 2010 – «Амвори саодат», барои оркестри камеравӣ ва созҳои
  • зарбӣ.

Асарҳои вокалӣ ва кантатаву ораторӣ

вироиш
  • 1999 – «Гурди Сомониён», шеъри С.Хатлонӣ. Кантата барои хор, сарояндагон ва оркестри симфонӣ.
  • 2001 – «Тоҷикистон», шеъри Ю.Аҳмадзода, сюитаи вокалӣ-хореографии бачагона ва кантатаи бачагона барои сароянда, хор ва оркестр.
  • 2001 – «Суруд ба васфи об» барои овоз ва оркестр.
  • 2002 – «Шаҳри кибриё», шеъри С.Айюбӣ, барои сарояндагон,хор ва оркестри симфонӣ.
  • 2002 – Силсилаи сурудҳо, мусиқии камеравӣ барои ҳайатҳои гуногуни ансамблҳои камеравӣ.
  • 2005 – «Ҷойи Душанбе», шеъри С.Айюбӣ, сюитаи вокалӣ-хореографӣ барои сароянда, хор ва оркестр.
  • 2006 – «Ағбаи Анзоб», шеъри Маҳзуни Аюбзода, сюитаи вокалӣ-хореографӣ барои сарояндагон, хор ва оркестр.
  • 2006 – «Тоҷикистон – модарам», шеъри Н.Қосим, кантатаи бачагона.
  • 2007 – «Тоҷикистони мо», шеъри Ф. Ашӯр, кантата барои сароянда, хор ва оркестри симфонӣ.
  • 2008 – «Таронаҳои гулҳо», шеъри Низом Қосим, сюитаи вокалӣ-симфонии эстрадӣ.
  • 2009 – «Худо, давраи мост…», шеъри Сафармуҳаммад Айюбӣ, кантата барои сароянда, хор ва оркестри симфони.
  • 2010 – «Ваҳдати тоҷикон», шеъри Хайрандеш, барои сароянда,хор ва оркестри симфонӣ.

Мусиқӣ ба кинофилмҳо

вироиш
  • 1987 – «Салом алайкум, Гулнора Раҳимовна!», коргардон А.Қуддусов, «Тоҷикфилм».
  • 1980 – «Гусели арӯс», коргардон У.Назаров, «Ӯзбекфилм».
  • 2006 – «Шамсиддин Шоҳин». Филми бадеии 4 сериягӣ, «Тоҷикфилм».
  • 2007 – «Гилемчаи сеҳрнок», коргардон А.Раҳматқулов, «Тоҷикфилм».
  • 2008 – «Пайванди шикаста», коргардон М.Сатторова, «Тоҷиктелефилм».
  • 2010 – «Гиреҳ дар гулӯ», коргардон Н.Раҳмонов, «Тоҷикфилм».

Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ

вироиш
  • 1991 – «Барзуи Шуғнонӣ», пйесаи А.Ҳамдамов.
  • 1993 – «Таронаи Маҳастӣ», пйесаи Ш.Қиёмов.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. 1.0 1.1 Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. c 247- 252