Қурутоб
Қурутоб — як навъ хӯроки миллии тоҷикӣ.
Дохили ошхонаҳои миллӣ | |
---|---|
Ошхонаи тоҷикӣ ва фарҳангу анъанаҳои наздик ба он | |
Таркибот | |
Асосӣ | ҷурғот ё чакка, фатир, равғани зағир, помидор, бодиринг, кабудӣ, пиёз, намак |
Маъмул | қурут, шир, рағани зард ё рағани пахта, қаламфур ё мурч |
Таомҳои монанд | |
шакароб | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Тарзи омодакунӣ
вироишТарзи тайёр кардани қурутоб дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон қариб яксон аст. Барои тайёр кардани қурутоб қурутро дар оби ҷӯши ширгарм тар карда, сипас дар табақи чӯбин соида тамоман ҳал мекунанд. Баъд дар коса ё табақ фатирро реза карда, аз ҳамон қурутоб меандозанд. Ба коса ё табақ инчунин равғани зард ё маскаи доғ, мурч, намакро ҳам илова кардан мумкин аст. Ба қурутоб мувофиқи табъ резапиёз, кабудӣ, мурч ё қаламфур ҳамроҳ мекунанд[1].
Масалан дар водии Зарафшон қурутобро ин тарз мепазанд. Қурути қоқро бо оби ҷӯшида месалованд, сипас пиёзи оширо дар равғани зард зирбонда аз болояш мерезанд ва ҳамчун таоми дуюм истеъмол менамоянд. Дар болооби дарёи Зарафшон қурутро дар оби гарм каме тар карда, баъди мулоим шудан ба девораҳои зарфи чӯбин совида қурутоб тайёр мекунанд. Сипас қурутобро ба косаҳо мегиранд, баъд равғани зарди гудохта андохта аз болояш нон реза мекунанд[2].
Қурутоб таоми серғизо буда, онро аз ҷурғоти чакка низ тайёр мекунанд. Барои 2‒3 фатир як коса қурути обкардашуда ё ҷурғот, 2‒3 бандча пиёзи кабуд ва кабудӣ, 200 г равған ва мувофиқи табъ мурч лозим аст.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Қурутоб // Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. — Душанбе, 1988, с. 224.
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. — Душанбе: Дониш, 2015
Сарчашма
вироиш- Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1 (А—М). — Д.: СИЭМТ, 2015. — С. 536—537. — 668 с. — ISBN 978-99947-33-79-8.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |