Хуари Бумедйен
Хуари Бумедйен , 23 августи соли 1932, Клаусел, Алҷазоир, Фаронса - 27 декабри соли 1978, Москва, Иттиҳоди Шӯравӣ ) — яке аз роҳбарони муборизаи зидди мустамликадории халқи Алҷазоир. Сарвазир ва Президенти дуюми Алҷазоир.
ар. هواري بومدين | |
20 июн 1965 — 27 декабр 1978 | |
Пешгузашта | Аҳмед Бен Белла |
Ҷонишин | Рибоҳ Битот |
Таваллуд |
23 август 1932 |
Даргузашт |
27 декабр 1978[1][2] (46 сол) |
Мадфан | |
Ном ҳангоми таваллуд | ар. محمد إبراهيم بو خروبة |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом |
Ҷоизаҳо | |
Навъи артиш | National Liberation Army[d] |
Рутба | полковник |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишСоли 1932 дар оилаи муаллим таваллуд ёфтааст. Он вақт дар Алҷазоир донишгоҳе барои арабҳо вуҷуд надошт, аз ин рӯ дар донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳираи Миср таҳсил кардааст. Сипас дар шаҳри Оуҷдаи Марокаш забони арабиро дарс дод ва вақте ки ҷанги озодихоҳӣ оғоз шуд, дар он ҷо як воҳиди партизанӣ таъсис дод. Ба шарофати дониш ва истеъдоди ташкилотчигии худ вай зуд дар сафи пеши Ҷабҳаи миллии озодкунии Алчазоир баромад ва дар соли 1960 ба ситоди Артишш миллии озодихоҳӣ дар Тунис рохбарй кард.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти Алҷазоир ӯ вазири дифоъ ва шахси дуюми кишвар шуд. Президент Аҳмад бин Белла, ки аксар вақт Хрушеви Алҷазоирӣ номида мешавад, вале бо сабаби бетаҷрибагӣ дар идоракунии кигвар ва кабудиҳои сиёсати иқтисодӣ ба зудӣ маъруфияти худро аз даст дод.
19 июни соли 1965 ба табаддулоти ҳарбй роҳбарӣ карда, раиси Шурои Инкилобӣ ва баъдтар Шурои Вазирони Алҷазоир шуд. Бумедйен аз ёрии техникии Фаронса ва ИҶШС истифода бурда, мамлакатро индустриалӣ гардонда, 660 корхонаи нав сохт. Бо вуҷуди ин, иқтисодиёти ба сектори давлатӣ асосёфта бесамар буд. Маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ фуруш надошт, озукаворӣ бояд аз хориҷа оварда мешуд. Бумедйен як қатор тағйиротҳои нави давлатиро, аз бунёди маҷлисҳои маҳаллӣ ( 1967 ) то Маҷлиси миллии халқӣ (1977) таъсис дод. Вай сиёсати милликунонии президенти аввалини Алҷазоир Аҳмад бин Белларо (махсусан саноати нафт)-ро ба охир расонд ва ислоҳоти аграриро ба амал овард, ки заминхоро аз нав тақсим карда, усулҳои нави хоҷагидориро чорӣ намуд.
Дар замони Бумедйен, Алҷазоир на танҳо дар ҷаҳони араб, балки дар тамоми Африқо нақши пешворо дошта буд. Дар мамлакат террористон ва партизанхои фаластинии Саҳрои Кабир, ки ба муқобили истилогарони Марокаш меҷангиданд, ҷойгир шудаанд. Соли 1976 мувофиқи Конститутсиям нав Алҷазоир давлати сотсиалистӣ эълон карда шуд ва Бумедйен вазифаи президентро гирифт. Барои хислатҳои маккорӣ, коргузори махфӣ ва ғайриоддӣ ба пардаҳои сабуки арабӣ дар байни мардум ба ӯ лақаби Каждуми Зардро гузоштанд.
Бумедйен ба мисли пешгузаштаи худ президенти аввалини кишвар Аҳмад бин Белла сухангӯи шуҷоъ набуд, аммо ӯ нерӯманд ва мутамарказ буд ва ба ӯ имкон дод, ки қудратро нигоҳ дорад.
Ӯ 27 декабри соли 1978 дар Маскав пас аз ҷарроҳии ноком барои бартараф кардани варами майна даргузашт. [4]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118659510 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Історія XX століття. Зарубіжні країни. Аванта+ Енциклопедія для дітей