Ҷон Барди́н (англ. John Bardeen, 23 майи 1908, Мадисон, Висконсин, ИМА30 январи 1991, Бостон, Массачусетс, ИМА) — физикдони амрикоӣ, ихтироъкори транзистор, яке аз ҷаҳор ҷоизадори дукаратаи мукофоти Нобел дар ҷаҳон (солҳои 1956 ва 1972).

Ҷон Бардин
англ. John Bardeen
Таърихи таваллуд 23 май 1908(1908-05-23)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 январ 1991(1991-01-30)[1][2][3][…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Юҷин Вигнер[7]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар синни 15-солагӣ (1923) ба Донишгоҳи Висконсин дохил шуда, соли 1928 ба дараҷаи бакалавр ва магистри техникаи барқӣ соҳиб гашт. Таҳти роҳбарии олими шинохта Ю. Вигнер дар соҳаи физикаи ҷисмҳои сахт таҳқиқот гузарондааст. Зиёда аз 40 сол дар Донишгоҳи Иллинойс мушовири муҳимми ширкати «Ксерокс» буд. Соли 1947 бо ҳамроҳии Браттэйн ва Уилям Шокли бори аввал транзисторро сохта, сазовори Мукофоти нобелӣ гашт (1956).

Ҷон Бардин якҷоя бо Л. Купер ва Р. Шриффер дар инкишофи назарияи фавқунноқилҳои муқаррарӣ кор кард, ки он ба ифтихори онҳо «назарияи БКШ» номгузорӣ шудааст. Барои ин корҳо Ҷон Бардин бо Мукофоти дуюми нобелӣ (1979) сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш