Open main menu

Ҷумъа Ниёзов (Ниёзов Ҷумъа Ҳайдарович; 23 январи 1947, Хуҷанд, вилояти Ленинобод — сиёсатмадор, донишманд, номзади илмҳои техникӣ.

Ҷумъа Ниёзов
Ниёзов Ҷумъа Ҳайдарович
Санаи таваллуд:

23 январ 1947(1947-01-23)

Зодгоҳ:

Хуҷанд

Санаи марг:

9 январ 2009(2009-01-09) (61 сол)

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Таҳсилот:

Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе (1969)

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои техникӣ

Ҳизб:

ҲДТ

Мукофотҳо:

Ордени «Шараф»

27 июн, 1997 Созишномаи Сулҳ

ЗиндагиномаВироиш

ҶумъаНиёзов 23 январи соли 1947 шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод дар оилаи коргар таваллуд шуда, соли 1964 мактаби миёнаи коргарҷавононро дар хамон ҷо хатм кардааст. Маълумоташ олӣ, номзади илми техникӣ, дотсент.

Пас аз хатми мактаби миёна, тайи солҳои 1961—1964 дар корхонаи барқтақсимкунии шаҳри Хуҷанд аввал ба ҳайси шогирд ва баъдан устои барқ ифои вазифа намудааст. Ҷумъабой Ниёзов соли 1964 ба факултаи энергетикии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1969 бо ихтисоси муҳандиси бахши электоромеханик хатм кардааст.

Фаъолияти илмӣВироиш

Аз соли 1969 то соли 1972 дар Донишгоҳи номбурда ба ҳайси ассистенти кафедраи мошинҳо ва ҳаракатдиҳандаи электрикӣ кор кардааст. Аз соли 1972 то соли 1975 бошад аспиранти Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон буда, соли 1982 дар мавзӯи «Тадқиқи кори таҷхизоти электротехники дар шароити баландкӯҳи Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ гардидааст. Дар солҳои 1975—1993 бошад ба ҳайси муаллими калон, дотсент ва муовини декани филиали дар Хуҷанд будаи Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Фаъолияти сиёсӣВироиш

Фаъолияти сиёсии Ҷумъабой Ниёзов аз соли 1989 оғоз мегардад. Худи ҳамон сол мавсуф ҳамраиси ҳаракати мардумии «Эҳёи Хуҷанд» интихоб шуда, дар ин созмон то охири соли 1990 фаъолият доштааст. Баъди ба мақсади сиёсии худ расидан (баркарор намудани номи таърихии шаҳри Хуҷанд таввасути раъйпурсии умумӣ, ки 23 декабри соли 1993 баргузор гардида буд) созмони мазкур фаъолияти худро қатъ намуд ва аксарияти аъзои фаъоли он ба узвияти Ҳизби Демократи Тоҷикистон шомил шуданд.

Ҷумъабой Ниёзов аз соли 1990 аъзои ҳайати муассисон, аъзои раёсати марказии Ҳизби Демократи Тоҷикистон буда, моҳи ноябри соли 1990 дар конференсияи вилоятӣ раиси бахши вилоятии ҲДТ дар вилоятӣ Ленинобод интихоб шуд. Дар анҷумани ҲДТ, ки 5 июни соли 1995 дар шаҳри Алма - Ато баргузор шуда буд, раиси ҲДТ интихоб гардид.

Аз январи соли 1993 то ноябри соли 1994 махбуси сиёсӣ. Моҳи ноябри соли 1994 дар натиҷаи табодули усаро бо маҳбусони сиёсӣ, ки таҳти миёнҷигарии созмонҳои байналмиллалӣ сурат гирифт, ба озодӣ мебарояд.

Ҷумъабой Ниёзов аз соли 1995 то соли 1997 аъзои ҳайати музокироти сулҳи байни тоҷикон буда, моҳи июни соли 1997 аз ҷониби роҳбарияти ИНОТ ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешниҳод шуда, то 1 — уми апрели соли 2000 — ум дар зеркомиссияи сиёсии КОМ фаъолият кардааст.

То соли 2009 муовини аввали Раиси ҲДТ буд.

ҶоизаҳоВироиш

Дорандаи ордени «Дӯстӣ». Ҷумъабой Ниёзов барои хизматҳои арзандааш дар татбиқи нуқтаҳои Созишномаи умумии Сулҳ бо ордени «Шараф» сарфароз гардонда шудааст.


ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш