Ӯктами Иброҳим
Ӯктами Иброҳим — рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2003)
Ӯктами Иброҳим | |
Таърихи таваллуд: | 20 март 1956 (68 сол) |
Зодгоҳ: | шаҳри Самарқанд |
Шаҳрвандӣ: | Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишӮктами Иброҳим 20 марти соли 1956 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №8 (1973), шомили факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ гардида, сипас таҳсилро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе давом додааст. 9 моҳ дар Студияи телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан ба зодгоҳаш баргашта, муддате (1977-1980) коргари чопхонаи вилоятӣ будааст. Солҳои 1980-1991 муҳаррири бахши таблиғоти Идораи интишори филми Тоҷикистон, сардори шуъбаи таблиғоти Иттиҳодияи эҷодию истеҳсолии «Тоҷиккино», муҳаррири ҷаридаи «Навигариҳои экран» будааст. Чакидаҳои қалами ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла, «Пионери Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») «Тоҷикистони Советӣ», «Совет Тожикистони», «Комсомоли Тоҷикистон», «Занони Тоҷикистон», «Хорпуштак», инчунин, «Зарафшон», «Леди», «Самаркандский вестник», «Овози Самарқанд», «Правда Востока» ва ғ. ба се забон (тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ) ба табъ расидаанд. Моҳи январи соли 1991 ба зодгоҳаш баргашта, вазифаҳои котиби масъул ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро бар уҳда доштааст. Сипас муҳаррири бахши тоҷикии ҳафтаномаи «Самарқанд», муҳаррири барномаи телевизионии «Чашми дил»-и Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд будааст. Алъон ҷонишини муҳаррири «Ховар» – ягона нашрияи мустақили тоҷикӣ дар Ӯзбекистон аст. Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
вироишМуаллифи китобҳои «Дар маҳтобшаб» (1996), «Шоми Регистон» (1977), «Ба дунё як бор меоянд» (1977), «Разм бо марг» (1977), «Марсияи тирамоҳ» (2008), «Падида ё фармоише аз кайҳон» (2010), «Дидор ва видоъ» (2010), «Ёде аз бузургон» (2009), «Ғазаби Немезида» (1998, ба забони русӣ) ва ғ. мебошад.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ду маротиба сазовори Ҷоизаи Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (ҳамчун рӯзноманигори беҳтарини соҳаи кино) гардидааст.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.93 ISBN 978-99947-2-379-9
ʝ