Забони арабӣ

(Тағйири масир аз عربي)

Забони арабӣ (арабӣ: اللغة العربية — "ал-луғату л-ъарабия", ё عربي — "ъарабӣ") — аз оилаи забонҳои Ҳомӣ-Сомӣ ва ба гурӯҳи Сомӣ мансуб аст. Бо забони арабӣ дар нимҷазираи Араб, Ховари Миёна ва [[Мағриб], шимоли Африқо ҳарф мезананд. Ба забони арабӣ навишта шудани Қуръон, забони арабӣ дар дини Ислом ҷои махсусеро дорад. Дар забони арабӣ 28 ҳарф вуҷуд дорад. Аз ин 17-тоаш шакли тамро дорад. Навиштан ва хондани хат дар асоси алифбои арабӣ аз тарафи рост ба тарафи чап мебошад. Забони арабӣ ба шохаи забонҳои сомиву ҳомии оилаи забонҳои афроосиёӣ дохил мешавад.

Забони арабӣ
Номи қавмӣ ар. اللُّغَة العَرَبِيّة
Кишварҳо
Созмони танзимкунанда Academy of the Arabic Language in Cairo[d], Arab Academy of Damascus[d], Supreme Council of the Arabic language in Algeria[d], Arabic Language International Council[d], Academy of the Arabic Language in Israel[d], Iraqi Academy of Sciences[d], Tunisian Academy of Sciences, Letters, and Arts[d] ва Jordan Academy of Arabic[d]
Шумораи умумии гӯишварон
Вазъ дар ҳоли амн[d][32]
Таснифот
забонҳои ҳомӣ-сомӣ
забонҳои сомӣ[d]
арабӣ
Хат скрипти арабӣ[d]
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 ара 050
ISO 639-1 ar
ISO 639-2 ara
ISO 639-3 ara
Ethnologue ara
Linguasphere 12-AAC
ABS ASCL 4202
IETF ar
Glottolog arab1395
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Маълумоти умумӣ вироиш

 

Забони кунунии арабӣ ба 5 шева ҷудо мешавад: машриқӣ, ироқии арабӣ, марказиарабистонӣ, мисриву-суданӣ, шимолиафриқоӣ (мағрибӣ). Забони адабӣ барои ҳама ягона аст.

Баъзе шеваҳои забони арабӣ аз ҳамдигар он қадар фарқ мекунанд, ки намояндагони онҳо ҳамдигарро қариб намефаҳманд. Филмҳо, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар ВАО дар ҳамаи кишварҳои арабзабон бо забони адабианд.

Забони арабӣ забонест, ки миқдори зиёди шеваву лаҳҷаҳоро дар давоми ҳазору панҷсад соли охир ҷамъ дар атрофи худ ҷамъ намудааст. Дини Ислом ва пеш аз ҳама Қуръон сабаби муттаҳидшавии ин шеваву лаҳҷаҳо гардидааст. Бо забони арабӣ бештар аз 250 млн. одамон ҳарф мезананд (соли 2000).

Хат дар асоси алифбои арабӣ. Забони расмӣ ва кории Ассамблеяи Генералии Маҷмаи Умумии СММ ва дигар мақомоти СММ. Забони давлатии ҳамаи Ҷмамолики арабзабон, Сомалия, Ҷибути.

Статус ва истифода вироиш

Вазъияти иҷтимоӣ-лингвистии забони арабӣ дар замони мо намунаи равшанест аз феномени лингвистии диглоссия, ки истифодабурии маъмулӣ ду навъи ҷудо аз ҳамон забонро, одатан дар ҳолатҳои гуногуни иҷтимоӣ нишон медиҳад.[33][34] Таулид - ин раванди додани маънои нав ба калимаи коюнишудаи классикӣ мебошад. Масалан, ал-хатиф лексикографи маънои шунавандаи овози касеро дорад, ки шахсияти ӯ ноаён мемонад. Ҳоло истилоҳи ал-хатиф барои ишорати ба телефон истифода мешавад. Ҳамин тавр, раванди таулид метавонад эҳтиёҷоти тамаддуни муосирро бо усуле, ки ибтидоан арабӣ менамояд, ифода кунад.[35]

Дар мавриди забони арабӣ мумкин аст тахмин кард, ки арабҳои саводноки ҳар миллият ҳам бо забони стандартии арабӣ, ки дар мактаб ба онҳо омӯзонида мешавад, ҳарф мезананд ва ҳам бо забонҳои диалектикии худ, ки вобаста ба минтақа метавонанд барои ҳамдигар фаҳмидан баръало набошанд.[36][37][38]

Масъалаи он ки оё арабӣ як забон аст ё забонҳои зиёде, хусусияти сиёсӣ дорад, айнан монанди ин ба навъҳои чинӣ, ҳиндӣ ва урду, сербӣ ва хорватӣ, шотландӣ ва англисӣ ва ғайра дахл медиҳад. Бар хилофи дорандагони забони ҳиндӣ ва урду, ки даъво доранд, ки якдигарро намефаҳманд, ҳатто вақте ки метавонанд, дорандагони забонҳои гуногуни арабӣ хоҳанд гуфт, ки ҳамаи онҳо метавонанд якдигарро бифаҳманд, ҳатто вақте намефаҳманд.[39]

Грамматика вироиш

Грамматикаи арабӣ ба грамматикаи дигар забонҳои семитӣ монандӣ дорад.[40][41] Баъзе аз фарқиятҳои типикӣ байни забони стандартии арабӣ ва навъҳои гуфторӣ - ин гум кардани аломатҳои морфологии ҳолати грамматикӣ, тағйирот дар тартиби калимаҳоро дарбар мегирад, гузариш ба морфосинтакси аналитикӣ бештар, гум кардани ҳолати грамматикӣ ва гум кардани ҳолати маълуми, бахусус, страдави залоги.[42][43][44]

Таърих вироиш

Забони арабӣ дар нимҷазираи Арабистон дар шакли забони фасеҳи шоирона ҳанӯз то ислом вуҷуд дошт. Забони Қуръон низ ба ин забон наздик аст. Дар давоми қарнҳо забон пайваста дар таҳаввулот буд, вале дар навишт ин он қадар аён намешуд, чунки дар навишт ҳарфҳои кӯтоҳи садонокро наменавиштанд.

Китобу рӯзномаҳо дар ҳама ҷо бо ин забон нашр мешаванд (ба истиснои Тунис, Марокаш ва Алҷазоир, ки дар қатори забони арабӣ, забони фаронсавӣ низ дар истифода аст). Дар соҳаи илм ва техника дар дигар мамолики арабзабон бошад, ҳангоми норасоии захираи луғавӣ забони англисӣ истифода мешавад.

Забони арабӣ забонест зебо, ширин, форам, гӯшнавоз ва таъсирбахш, зеро ки бо ин забон Қуръон офарида шудааст

Хат вироиш

Мақолаи асосӣ: Алифбои арабӣ

Дар забони арабӣ аз рост ба чап менависанд. ҳарфҳои калону хурд надорад.

Талаффуз вироиш

Дар аксари мамолики араб ҳоло кӯшиш мекунанд, ки талаффузашон ба забони тиловати Қуръон наздик бошад. Чӣ гуна будани талаффузи калимаҳо дар забони қадимаи арабӣ то ҳол мавриди баҳсҳо қарор дорад.

Захираи луғавӣ вироиш

Аксари калимаҳои арабӣ аз решаҳои ҳамсадо иборатанд, ки бо дигаршавии садонокҳояшон калимоти гуногунро ташкил медиҳанд. Масалан, аз ҳамсадоҳои «К-Т-Б» чунин калимаҳо сохта шудаанд:

  • KaTaБa : навишт
  • яКTуБу : менависад
  • KиTaaБ : китоб
  • KуTуБ : китобҳо
  • KaaTиб : нависанда
  • KuTTaaБ : нависандагон
  • KaTaБaҳ : нависандагон (шакли дигараш)
  • мaKTaБaҳ : китобхона

Дар забони арабӣ миқдори зиёди калимаҳои иқтибосӣ истифода мешаванд, ки аз забонҳои оромӣ, юнонӣ, форсӣ, англисӣ гирифта шудаанд. Аз тарафи дигар, калимаҳои забони арабӣ дар дигар забонҳо, аз қабили форсӣ, туркӣ, испанӣ бисёр иқтибос шудаанд. Масалан, тақрибан 10% калимаҳои испанӣ арабиасланд. Забони арабӣ аз ҷиҳати таркиби луғавӣ дар ҷаҳон яке аз чойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Ин ҷоро ҳам бингаред вироиш


Эзоҳ вироиш

  1. ScriptSource - Egypt
  2. ScriptSource - Algeria
  3. ScriptSource - Sudan
  4. ScriptSource - Iraq
  5. ScriptSource - Morocco
  6. ScriptSource - Saudi Arabia
  7. ScriptSource - Yemen
  8. ScriptSource - Syria
  9. ScriptSource - Tunisia
  10. ScriptSource - Somalia
  11. ScriptSource - Chad
  12. ScriptSource - United Arab Emirates
  13. ScriptSource - Jordan
  14. ScriptSource - Eritrea
  15. ScriptSource - Libya
  16. ScriptSource - Lebanon
  17. ScriptSource - Palestine
  18. ScriptSource - Oman
  19. ScriptSource - Mauritania
  20. ScriptSource - Kuwait
  21. ScriptSource - Qatar
  22. ScriptSource - Bahrain
  23. ScriptSource - Djibouti
  24. ScriptSource - Comoros
  25. ScriptSource - Israel
  26. ScriptSource - South Sudan
  27. ScriptSource - Mali
  28. ScriptSource - Niger
  29. ScriptSource - Iran
  30. Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  31. Ethnologue (ингл.) — 25, 19 — Dallas, Texas: SIL International, 1951. — ISSN 1946-9675
  32. Красная книга языков ЮНЕСКО
  33. Diglossia: An Overview Of The Arabic Situation. eajournals.org. 31 май 2024 санҷида шуд.
  34. 20 Fascinating Facts About the Arabic Language. utalk.com. 31 май 2024 санҷида шуд.
  35. Arabic Language and Linguistics. books.google.com. 31 май 2024 санҷида шуд.
  36. The Phonology and Morphology of Arabic. books.google.com. 31 май 2024 санҷида шуд.
  37. Yemenis in New York City: The Folklore of Ethnicity. books.google.com. 31 май 2024 санҷида шуд.
  38. Arabic-English Thematic Lexicon. books.google.com. 31 май 2024 санҷида шуд.
  39. Modern Arabic: Structures, Functions, and Varieties. books.google.com. 31 май 2024 санҷида шуд.
  40. Arabic Language as the Foundation of Semitic Languages. www.academia.edu. 31 май 2024 санҷида шуд.
  41. Best Way To Learn A Language For Free: 9 Free Language Learning Strategies. storylearning.com. 31 май 2024 санҷида шуд.
  42. A Reference Grammar of Modern Standard Arabic. www.academia.edu. 31 май 2024 санҷида шуд.
  43. A Reference Grammar of Modern Standard Arabic. ebooks.rahnuma.org. 31 май 2024 санҷида шуд.
  44. Arabic Grammar! Your 2024 Comprehensive Guide. kalimah-center.com. 31 май 2024 санҷида шуд.