30-солагии истиқлол (шаҳрак)

(Тағйири масир аз 30-солагии истиқлол)

30-солагии истиқлол (то 30 майи 2022 – Мискинобод[2]) — шаҳрак[2] (аз 2022) дар ноҳияи Файзобод. Соли 1928 таъсис ёфтааст. Ба он деҳаҳои Заркамар, Мискинобод, Орифон (Қашқараҳа), Муминобод, Фатҳобод, Обшорон, Гултеппа, Сарой дохил мешаванд. Марказаш деҳаи Мискинобод. Аз маркази ҷамоат то маркази ноҳия 27 км ва то шаҳри Душанбе 78 км. Аҳолиаш 15878 нафар (2010), тоҷикон. Аз 1789 хоҷагӣ иборат аст. Дар ҳудуди ҷамоат 6 мактаби таҳсилоти миёнаи умумй, 1 мактаби таҳсилоти асосӣ, 1 мактаби ибтидоӣ, Хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвохид Назиров. 133 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, шӯъбачаи милиса, беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Мискинобод, 6 хонаи саломатӣ, хонаи фарҳанг, 2 китобхона, 25 мағоза, 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 осиёи баркӣ, 3 бозор фаъолият доранд. Майдони умумии заминҳо 9005 га буда, аз он 507,37 га заминҳои корам. 1098, 2 га заминҳои обӣ, 551 га заминҳои лалмӣ, 1789,43 га чарогоҳ, 252 га боғ ва 61 га дигар заминҳо аст. Пешаи асосии мардум кишоварзӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ мебошад. Дар мактабҳои ҳудуди ҷамоати деҳот ба 3706 нафар хонандагон 160 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Дар муассисаҳои тандурустии ҷамоат 12 нафар духтур (4 нафар дорои маълумоти олӣ ва 8 нафар дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ) ба сокинони ҷамоат хидмати тиббй мерасонанд. Аз фарзандони ҷамоат Пӯлодов Абдураҳмон соли 1971 Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон гардидааст. Ҳоло вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Мискинободро Шоев Абдулҳамид Фраймонович ба уҳда дорад.[3]

Шаҳрак
30-солагии истиқлол
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Ноҳияи Файзобод
Шомили 8 деҳа, 1789 хоҷагӣ
Маркази маъмурӣ Мискинобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис соли 1928
Масоҳат
  • 90,1 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 15 878 нафар нафар (2010)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3135
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ08
30-солагии истиқлол дар харита

Бо қарори МММО ҶТ аз 30 майи соли 2022 деҳоти Мискинобод соҳиби мақоми шаҳрак гардида, номи шаҳраки 30-солагии истиқлолро гирифт[2].

Пайвандҳо

вироиш
  1. 1.0 1.1 https://untj.org/jambi-project/index.php/maps-statistics/demography
  2. 2.0 2.1 2.2 Sputnik Тоҷикистон. Ҷонибдории парлумон аз тағйири номи Фақирободу Мискинобод(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20220530T1440+0500). 7 октябри 2022 санҷида шуд.
  3. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.