Lindt – ширкати суис аст, ки шакалод ва дигар маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мекунад, инчунин як силсилаи дӯконҳо ва қаҳвахонаҳои фурӯши ин маҳсулот вуҷуд доранд. Номи пуррааш — Lindt & Sprüngli AG.

Lindt
Навъ chocolaterie[d]
Таъсисёбӣ 1898
Бунёнгузорон Rodolphe Lindt[d]
Макон
Бахш саноати ғизоӣ[d] ва manufacture of cocoa, chocolate and sugar confectionery[d][1]
Сайт lindt-spruengli.com(англ.)

Таърих

вироиш

Таърихи ширкат аз соли 1845 сар мешавад, вақте ки Давид Спрунгли-Швартс ва писараш Рудолф Спрунгли-Амманн дар Тсюрих як дӯкони хурди қаннодӣ кушоданд, ки пас аз ду сол барои тавлиди шоколади сахт васеъ карда шуд. Пас аз рафтани Рудолф Спрунгли-Амманн дар соли 1892, ширкат дар байни ду писари ӯ тақсим шуд: писари хурдиаш Дэвид Роберт, ду мағозаи қаннодӣ (бо номи Confiserie Sprüngli) ва писари калониаш Иоганн Рудолф, як корхонаи шоколад гирифт. Дар соли 1899, Рудолф истеҳсолотро васеъ намуд ва ба фабрикаи худ Chocolat Sprüngli AG ном гузошт. Худи ҳамон сол, ӯ корхонаи шоколади Рудолф Линдтро аз Берн ба даст овард ва ширкат ба United Bern ва Zurich Lindt & Sprungli Chocolate Factory Ltd. номгузори карда шуд. Дар соли 1994, ин ширкат як ширкати шоколади австриягии Hofbauer-ро ба даст овард ва бренди Küfferle низ ба Линдт тааллуқ дошт. Дар соли 1997 ширкати шоколади итолиёвии Caffarel ва дар соли 1998 ширкати амрикоии Ghirardelli-ро низ ба даст овард. Бренди Ghirardelli қаблан танҳо дар ИМА маъруф буд. 17 марти соли 2009, Lindt аз сабаби коҳиш ёфтани талабот ба маҳсулот, бинобар бӯҳрон аз 80 мағозаи чакана, ки дар ИМА воқеанд, 50-тояшро баста буд. Дар соли 2008, пас аз даргузашти Рудолф Спрунгли, ин ширкат моли ҳамсараш Александра Спрунгли гардид. Корхонаҳои истеҳсолии ин ширкат дар Суис, Олмон, Фаронса ва Ханта Мансийск ҷойгиранд.

Маҳсулот

вироиш

Илова бар шоколади воқеӣ, ки яке аз сифатҳои баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, корхона инчунин шоколад ва дигар шириниҳо ва инчунин баъзе маҳсулоти дигари қаннодӣ низ истеҳсол мекунад. Lindor - маъруфтарин маҳсулоти ширкат мебошад, ки қандҳои ин тамғаи тиҷорати аз пӯсти сахт ва дарунаш нарм иборатанд. Баъзе маҳсулот (шириниҳо ва тахтачаҳои шоколадини хурд) ба таври мушаххас дар зарфҳо, қуттиҳо бо тарҳу ороишоти хелоҳам зебо ба фурӯш бароварда шудаанд. Маҳсулот ҳам дар силсилаи мағозаҳои ширкатҳо ва қаҳвахонаҳо ва ҳам барои таҳвил ба мағозаҳои дигар фурӯхта мешаванд.[2]

 
Excellence
 
Pralines
 
Lindor
 
Gold Bunny

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. https://pm20.zbw.eu/folder/co/004781 — 1908.
  2. https://ru.wikipedia.org/wiki/Lindt