Андрей Абдувалиев
Андрей Абдувалиев (Абдувалиев Андрей Ҳакимович; 30 июни 1966, Ленинград) — варзишгар, гурзпартои Тоҷикистон ва Ӯзбекистони Шӯравӣ, устоди хизматнишондодаи варзиш. Чемпиони Бозиҳои олимпии тобистона 1992 дар гурзпартоӣ. Чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук (1993, 1995). Рекорди инфиродӣ — 83,46 м (1990). Чемпиони ИҶШС (1991)[2]. Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС (1992).
Андрей Абдувалиев | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Иттилооти умумӣ | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Номи пурра | Абдувалиев Андрей Ҳакимович | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Сана ва маҳалли таваллуд |
30 июн 1966[1] (58 сол) Ленинград |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Шаҳрвандӣ | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
IAAF |
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Рекордҳои шахсӣ | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурзпартоӣ | 83,46 м | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Медалҳои байналмилалӣ |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987).
Аз соли 1993 дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Пас аз анҷоми касби варзишӣ аз соли 2000 ӯ ҳамчун котиби генералии Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон, сармураббии дастаи мунтахаби миллӣ кор карда истодааст.
Дастовардҳо
вироишЧемпиони Бозиҳои Олимпӣ (Барселона, 1992), чемпиони дукаратаи ҷаҳон (Штуттгарт, 1993; Гётеборг, 1995), дорандаи Ҷоми ҷаҳон (Лондон, 1994), соҳиби медали нуқраи Бозиҳои иродаи нек (ИМА, 1990), чемпиони Спартакиадаи халқҳои ИҶШС (1991), чемпиони СССР (1991). Натиҷаи беҳтаринаш дар гурзпартоӣ 83 м 46 см (Сочи, 1990).
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://worldathletics.org/athletes/-/14255895
- ↑ Газета «Советский спорт», Бойгонӣ шудааст 28 августи 2016 сол. 30 июня 2010, № 94 (18151).
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи медаловари Бозиҳои олимпӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
Ин мақолаи хурд дар бораи сабукварз аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |