Абдулвоҳид Шамолов

Абдулвоҳид Шамолов (Шамолов Абдулвоҳид Абдулоевич; тав. 29.09.1958, шаҳри Кӯлоб) – файласуф ва мутафаккири тоҷик. Доктори илмҳои фалсафа (2002), профессор[1].

Абдулвоҳид Шамолов
Шамолов Абдулвоҳид Абдуллоевич
Таърихи таваллуд 29 сентябр 1958(1958-09-29) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Кобул, Шурои вазирони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Абдулвоҳид Абдулоевич Шамолов 29.09.1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Мактаби №7 шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Баъди хатми соли чаҳоруми таҳсил тариқи Сарраёсати 10-уми Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ аз соли 1979 то соли 1981 дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон ба сифати афсар, соли 1982 то соли 1987 дар дастгоҳи мусташорияти иқтисодии Сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Кобул фаъолият кардааст. Соли 1990 дар бахши аспирантура дохил шуда, соли 1991 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъдан ба ҳайси муовини Сарраёсати АД-и Шурои вазирони Тоҷикистон, Сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2002), муовини раиси ХДМТ (2002-2004), Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2009 -2011)[2][3], муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016-2019) фаъолият карда, аз соли 2019 то ҳол мудир ва профессори[4] кафедраи филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе фаолият дорад.

Дар конференсияҳои байналмилалии Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Афғонистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Корея, Сингапур, Хитой, Хорватия, Шветсия, Олмон, Фаронса, Белгия ва дигар кишварҳо маърӯза ва баромад намудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои мардонагӣ ва далерӣ ҳангоми иҷрои қарзи башардӯстона дар Афғонистон бо орденҳои “Ситораи сурх”, “Барои мардонагӣ ва ҷасорат”, ҳамчунин, 14 медалҳои Афғонистон, Иттиҳоди Шуравӣ ва Итифоқи собиқадорони Афғонистон дар Россия “Барои шуҷоат”, “Барои ҷасорат” ва чандин орденҳои дигар сарфароз гардидааст.

Сиёсатшиносӣ
  • Абу Ханифа и возрождение национального самосознания таджиков. — Д.: Дониш, — 2009, —320 с.
  • Геополитичекие игры. — Д.: Дониш, — 2015, — 133 стр.
  • Этнонациональные и современные праздники. — Д.:, — 2016, — 101 с.
фалсафа
  • Этика Абухамида Газали и Насириддина Туси: сравнительный анализ. — Д.: Ирфон, — 1994. — 180 с.
  • Политическая философия Абухамида Газали. — Д.: Дониш, —1996. — 330 с.
  • Философия поэзии предков. —Д.: Авесто, — 1999, — 92 с.
  • Философия Мотуриди Самарканди. — Д.: Авесто, — 2000, — 286 с.
  • Философские воззрения Абухамида Газали. — Д.: Дониш, — 2002, — 365 с.
  • Философия теологии Абухамида Газали. — Д.: Пайванд, —2008. — 476 с.
  • Место «Возрождения наук» Абухамида Газали в мире ислама. — Д.:, Пайванд, — 2008. — 123 с.
  • Жизнь и творческое наследие Абу Ханифы. — Д.: Дониш, — 2009. — 317 с.
  • Калам Моварауннахра. — Д.: Дониш, — 2014. — 534 с.
  • Философия нанонауки. — Д.: Дониш, — 2023.
Ҷомеашиносӣ
  • Вопросы молодежной политики в Республике Таджикистан. — Д.: Ирфон, —1994 — 287 с.
  • Осори Ибни Сино. бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. — Д.: Дониш, — 2010.
  • Алии Ҳамадонӣ. Захирату-л-мулук. —Д.: Ирфон, —1994.
  • Носири Хусрав. Рисолаҳои фалсафӣ. —Д.: Ирфон, — 2004, — 407 с.
  • Хоҷа Аҳрори Валӣ ва пайравони ӯ. — Д.: Дониш, — 2004.
  • Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. Эҳё улумиддин. — Д.: Дониш, — 2008.