Абдурауф Муродӣрӯзноманигор, шоир,нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)

Абдурауф Муродӣ
Абдурауф Муродӣ
Таърихи таваллуд: 1 апрел 1961(1961-04-01) (63 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, шоир,нависанда

Зиндагинома

вироиш

Абдурауф Муродӣ 1 апрели соли 1961 дар деҳаи Хоҷапанҷи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар мактаби деҳа таҳсил карда, баъдан Оӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент (1981) ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо (1985) бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар шаҳри Роғун ба сифати омӯзгори мактаби миёна ва ҷонишини сармуҳаррири нашрияи «Нурафшон» оғози фаъолият намудааст. Солҳои 1992-2001 дар Панҷакент омӯзгори гимназия, мушовири шуъбаи маориф ва раиси бахши Бунёди байналмилалии форсии тоҷикӣ будааст. Дар кори таъсис ва нашри маҷаллаҳои «Дайри муғон» ва «Сомониён» (нашрияҳои ҳукумати Панҷакент) фаъолона ширкат варзида, соле чанд ҷонишинии сармуҳаррири ин маҷаллаҳоро иҷро кардааст. Аз соли 2002 ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» мебошад.Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Эҷодиёт

вироиш

Аз овони донишҷӯӣ ба эҷоди бадеӣ машғул шуда, навиштаҳояш пайваста тавассути маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои «Дили гарм» (ҳикояҳо, 1997), «Мӯйлаб» (ашъори ҳаҷвӣ), «Ҷасорат» (қиссаи ҳуҷҷатӣ), «Аз нешханд то нӯшханд» (ҳаҷвияҳо, 1999), «Лутфи Худованд» (назму наср 2000), «Шукуфти ғунчаи лабҳо» (ҳикояҳои ҳаҷвӣ, 2006 «Анори дона-дона» (2005), «Чошнӣ» (ашъори ҳаҷвӣ, 2009) ва қиссаи ҳаҷвии «Ману занам» мебошад. Силсилаи бардавоми навиштаҳои ҳаҷвии ӯ «Анори дона-дона» аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм ёфтаанд. «Биё, то қадри якдигар бидонем!» (2009) сафарнома буда, бо сабки хосу ҷолибе нигориш ёфтааст. Китобҳои «Дилнавоз», «Посдори ҳақиқат» ва «Анҷумани дӯстон»-аш аз кору пайкори бархе ҳамдиёрони маъруфамон ҳикоя мекунанд. Мақолаҳои илмию методии ӯ дар авроқи китобҳои «Дурахши вожаҳо», «Ҷашнномаи мактаб» ва «Паёми мушовир» дастраси умум гардидаанд. Як силсила ашъори ҷавоншоирони ӯзбекзабони Тоҷикистонро ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое чанд аз эҷодиёташ ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Нишони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон»;
  • Нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»;
  • Нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»;
  • Ҷоизаи Ҷамъияти умумииттифоқии «Знание»;
  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.141 ISBN 978-99947-2-379-9