Абдурраҳмони III
Абдурраҳмони III (ар. عبد الرحمن الثالث; 7 январи 891, Қурта — 15 октябри 961) — амир (912) ва баъд халифаи Куртуба аз соли 929.
عبد الرحمن الناصر لدين الله | |
Амири Қурта
|
|
912 — 929 | |
Таваллуд |
11 январ 889 |
Даргузашт |
15 октябр 961[1][2] (72 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Umayyad dynasty[d] |
Падар | Муҳаммад |
Модар | Muzna[d] |
Фарзандон | Al-Hakam II[d] ва Abu al-Mutarrif al-Mughira[d] |
Эътиқод | суннӣ ва ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишБа Абдурраҳмони III лақаби «Ғолиб» (ан-Носир) гузошта буданд. Аморатро, ки аз тарафи собиқадоронаш суст ва пароканда шуда буд, барқарор кард. Соли 931 Сеута, 932 Толедоро забт намуд. Аз соли 955 Леон ва Наварра ба Абдурраҳмони III. хироҷ месупориданд. Бо Византия ва императори «Империяи Рими муқаддас» Оттони I муносиботи дипломатӣ дошт. Гвардияи устувору пурқуввате аз ҳайати ғуломони аврупоӣ ташкил дод, ки онҳоро «сақалиба» меномиданд. Флоти пуриқтидортарин дар Баҳри Миёназамин таъсис дода, сохтмонро низ хуб ба роҳ монд. Замони Абдурраҳмони III қароргоҳи берун аз шаҳрӣ бо номи «Заҳра» сохта шуд, сохтмони масҷиди Кордова оғоз гардид. Ҳокимияти Абдурраҳмони III, қуллаи баландтарини ҳокимияти Умавиёни Куртуба ҳисоб меёбад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Khalidi T. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.