Абхозҳо
Абхозҳо (абх. аԥсуа) — халқ дар Кавказ, аҳолии асосии Абхозистон, ки дар шимоли ғарбии Кавказ зиндагӣ мекунанд. Теъдоде аз Абхозҳо дар Туркия, Русия, Сирия, Урдун, Европаи Ғарбӣ ва ИМА низ иқомат доранд.
Аԥсуа | |
---|---|
Кулли ҷамъият | |
тақр. 200 000 | |
Минтақаҳо бо ҷамъияти қобили таваҷҷуҳ | |
Former Soviet Union | |
![]() |
122,040 (2003 census)[1] |
![]() |
11,366 (2002 census)[2] |
![]() |
3,527 |
![]() |
1,458[3] |
Diaspora | |
![]() |
15,000–100,000 (by descent)[4] |
![]() |
c. 10,000[5] |
![]() |
5,000[citation needed] |
Забонҳо | |
абхозӣ (модарӣ), русӣ, гурҷӣ, туркӣ | |
Дин | |
Predominantly Abkhazian Orthodox Christianity and Sunni Islam | |
Гурӯҳҳои қавмии марбут | |
Other Northwest Caucasians |
Шумораи умумии АбхозҳоВироиш
Шумораи умумии Абхозҳо 185 000 нафар буда (ибтидои садаи XXI), дар ҳудуди Абхозистон 94 600 нафар зиндагӣ мекунанд. Забонашон абхозӣ, аз қадим хати худӣ надоштанд, қисман ба хати гурҷӣ ва бархе ба кириллӣ менависанд, забони русӣ низ маъмул аст. Эътиқодмандон ҳанӯз аз ибт. садаи VI ба дини масеҳӣ (православӣ) ва аз садаи XV ба ислом (мазҳаби аҳли тасаннун) гаравидаанд. Абхозҳо аз қадимулайём гурӯҳҳои маҳдуди этникӣ доштанд, ки забон ва аносири маданиашон аз ҳамдигар фарқ мекарданд: садзиҳо (дар Туркия ва Оҷористон зиндагӣ доранд), ахчипсҳо (Туркия), аибтаҳо (Туркия), пасхувҳо (Туркия), бзипсҳо (Абхозистон), гумсҳо (Туркия), сабалҳо (Туркия), абҷӯйҳо (Абхозистон), самурзаканҳо (Абхозистон). Ҳамчунин ҳабашҳои абхозшуда низ мавҷуданд. Аҷдоди Абхозҳо сокинони асосии қадимтарин давлатдории Кавказ буданд, ки Колхида ном дошта, 1200 сол қабл арзи ҳастӣ намуда буд. Урфу одати абхозҳо ба гурҷиҳо ва забону маданияташон ба адигейҳо қаробат дорад.
ЭзоҳВироиш
- ↑ (2003) 2003 Census statistics (Russian)
- ↑ Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. (рус.) (XLS). Russian Federal State Statistics Service (2004). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 феврали 2016.
- ↑ All-Ukrainian population census 2001 - The distribution of the population by nationality and mother tongue. State Statistics Service of Ukraine. 29 марти 2006 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 марти 2007.
- ↑ see diaspora section
- ↑ Abkhaz Syrians return home. Voice of Russia (5 May 2012). 9 май 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 май 2012.
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.